Бозиҳои II кишварҳои ИДМ, шабеҳи Спартакиадаи халқҳои ИҶШС, аз 3 то 15 авусти соли 2023 дар Беларус баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои II кишварҳои ИДМ аз 3 то 15 августи соли 2023 дар Беларус аз рӯи 20 намуди варзиш баргузор мегарданд. Шумораи пешбинишудаи иштирокчиёни бозиҳо — варзишгарон, мураббиён, доварон, кормандони соҳаи тиб ва дигарон тақрибан 3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Бозиҳои кишварҳои ИДМ бояд дар сатҳи баланд ташкил карда шаванд. Дар ин бора муовини сарвазири Ҷумҳурии Беларус Игор Петришенко 28 апрел дар ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Бозиҳои II кишварҳои ИДМ изҳори назар намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии давлатии иттилоотии «БелТА».
Муовини сарвазири Беларус изҳори итминон кард, ки баргузории бозиҳои нави кишварҳои ИДМ ба имкони беҳбуди вазъи умумии иншооти варзишии шаҳрҳои мизбон (ҷое, ки ҳанӯз ҳам зарур аст) мусоидат намуда, ба рушди бозиҳо ва оммавӣ гардонидани намудҳои гуногуни варзиш дар маҳалҳо такони нав мебахшад.
Консепсияи бозиҳо баргузории чорабиниҳои варзиширо дар 9 шаҳри минтақаҳои гуногуни Беларус пешбинӣ мекунад. Дар назар аст, ки мусобиқаҳо дар Минск (варзиши сабук, волейбол, гимнастикаи бадеӣ дар машқҳои гурӯҳӣ ва инфиродӣ, тирпарронӣ, футболи соҳилӣ, панҷҳарбаи муосир), дар Борисов (футболи хурд), Солигорск (тарзи озод, гӯштини занонаи юнониву румӣ), Молодечно (волейболи соҳилӣ), Брест (гандбол), Орш (бокс, бокси тайландӣ), Жлобин (дзюдо, самбо), Гродно (баскетбол 3×3, вазнбардорӣ), Могилёв (шиноварй ва камонварӣ) доир гарданд.
Бозиҳои кишварҳои ИДМ бори нахуст аз 4 то 11 сентябри соли 2021 дар Қазон (Ҷумҳурии Тотористон, Федератсияи Русия) баргузор шуданд.
Бозиҳои кишварҳои ИДМ — шабеҳи Спартакиадаи халқҳои ИҶШС мебошанд, ки дар гузашта маъмул буда, дар он давра даҳ бозии тобистона ва ҳафт бозии зимистонаро дар бар мегирифтанд. Спартакиада, ки соли 1956 оғоз шуда буд, дар оғози шумораи ҳафтуми хеш тавонист ба авҷ бирасад, зеро соли 1979 ин сатҳи байналмилалӣ буд. Мусобиқаи охирини варзишӣ соли 1991 ба тобистони охирини Шӯравӣ рост омад.
Зимнан, Спартакиадаи халқҳои ИҶШС ба вусъатёбии ҳаракатҳои варзишӣ дар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат кумак расонд. Спартакиадаи якуми халқҳои ИҶШС соли 1956 ба инкишофи намудҳои нави варзиш, ки пештар дар ҷумҳурӣ рушд наёфта буданд, такон бахшид: инҳо намудҳои варзиши заврақронӣ, тӯббозии обӣ, шамшербозӣ, гӯштини тарзи озод ва ғайра маҳсуб меёфтанд. Дар Спартакиадаи I халқҳои ИҶШС аз ҷумҳурӣ 389 нафар иштирок доштанд. Варзишгарони Тоҷикистон 32 рекорди ҷумҳуриявӣ, 1 умумииттифоқӣ ва 1 рекорди ҷаҳонӣ гузоштаанд. Дар Спартакиадаи II халқҳои ИҶШС соли 1959 дар ҳайати гурӯҳи Тоҷикистон 379 нафар варзишгарон баромад карданд, ки 57 нафарашон устодони варзиш буданд. Дар қаиқронӣ, тӯббозӣ дар об, шиноварӣ ва тирпарронӣ варзишгарони тоҷик ҷои 9-умро ишғол намуданд. Иброҳим Ҳасанов оид ба заврақронӣ чемпиони ИҶШС, Виталий Двигун дар вазнабардорӣ ҷои 2-юм, Алексей Гарбуз ва Григорий Паничкин дар мусобиқа дар намуди варзиши сабук мақоми 3-юмро касб намуданд.
Аз ғолибияти И. Ҳасанов тамоми кишвар шод гардид. Он замон ҳанӯз моҳи августи соли 1959 Иброҳим Ҳасанов аввалин варзишгари Тоҷикистон шуда буд, ки ба гирифтани унвони ғолиби Спартакиадаи II халқҳои ИҶШС ва чемпиони Иттифоқи Советӣ дар қаиқронӣ ба масофаи 10 ҳазор метр сазовор шуд: ин натиҷаи шоёни таҳсинест, ки ба таърихи варзиши Шӯравӣ ва тоҷик абадӣ дохил шуд.
АКС: «БелТА»








Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд






