БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Мусобиқаи гӯштин аз рӯи 18 вазн доир мегардад

Апрель 10, 2022 11:49

ДУШАНБЕ, 10.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 июл то 11 августи соли 2024 дар Париж – пойтахти Фаронса Бозиҳои XXXIII олимпӣ баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштин ворид гардидааст, ки аз рӯи 18 вазн доир мешавад.

Гӯштин аз қадимтарин намуди варзиши олимпӣ мебошад. Мусобиқа оид ба гӯштин дар аввалин Бозиҳои олимпии соли 1896 дар Афинаи Юнон ба барномаи Бозиҳои олимпӣ, ба ғайр аз Бозиҳои олимпии Париж-1900 ворид гардидааст.

Аввалин мусобиқа оид ба гӯштин дар вазни озод ва дар равияи юнонӣ-римӣ баргузор шуд. Дар Олимпиадаи соли 1904 дар Сент Луис мусобиқа аз рӯи вазнҳо танҳо дар равияи тарзи озод сурат гирифт. Қаблан дар ин намуди варзиш фақат мардҳо иштирок мекарданд. Гӯштини занона аз соли 2004 (Бозиҳои олимпии Афина) вориди барномаи бозиҳо шуд.

Варзишгарони Тоҷикистон оид ба ин намуди варзиш дар Бозиҳои олимпии Атланта-1996 дар ҳайати 1 нафар, Бозиҳои олимпии Афина-2004 — 3 нафар, Бозиҳои олимпии Пекин-2008 — 2 нафар, Бозиҳои олимпии Лондон-2012 — 4 нафар иштирок кардаанд.

Дар Бозиҳои олимпии Пекин-2008 варзишгари маъруфи кишвар Юсуф Абдусаломов дар гӯштини тарзи озод (вазни -84кг) сазовори медали нуқра шуд. Юсуф иштирокчии 3 олимпиада мебошад.

Соли 2024 (26 июл – 11 август) дар Париж – пойтахти Фаронса Бозиҳои XXXIII олимпӣ баргузор мешаванд. Ба барномаи бозиҳо 32 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштин ворид гардидааст.

Мусобиқаи гӯштин аз рӯи 18 вазн доир мешавад: гӯштини озод миёни мардон дар 6 категорияи вазнӣ – -57кг, -65кг, -74кг, -86кг, -97кг, -125кг, гӯштини юнонӣ-румӣ миёни мардон дар 6 категорияи вазнӣ – -60кг, -67кг, -77кг, -87кг, -97кг, -130кг, гӯштини бонувон дар 6 категорияи вазнӣ – -50кг, -53кг, -57кг, -62кг, 68кг, -78кг.

Дар намуди гӯштин ҳамагӣ 288 варзишгар (192 нафар миёни мардон, 96 нафар миёни бонувон) иштирок мекунанд, аз ҳар кумитаи олимпӣ 18 нафар (1 нафар дар як вазн).

Варзишгарон тариқи мусобиқаҳои интихобии олимпӣ соҳиби роҳхат мешаванд. 90 роҳхат дар чемпионати ҷаҳон-2023 дода шуда, 144 нафар тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ, 54 нафар тариқи мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ ба Париж сафарбар мегарданд.

Дар чемпионати ҷаҳон, ки 16-24 сентябри 2023 дар шаҳри Красноярки Русия ба нақша гирифта шудааст, 5-гонаи аввали ҳамаи вазнҳо ҳаққи иштирок дар Бозиҳои олимпии Парижро пайдо мекунанд (барандагони медалҳои тилло, нуқра, ду биринҷӣ. Барои роҳхати панҷум ду варзишгаре, ки дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм мағлуб шуданд, бо ҳам гӯштин мегиранд). Дар чемпионати ҷаҳон варзишгароне иштирок карда метавонанд, ки дар чемпионатҳои қитъавии соли 2023 ширкат карда бошанд.

Соҳибони 144 роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ муайян мегарданд. Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин барои Амрико, Аврупо, Осиё 36-ҷоӣ ва барои қитъаҳои Африқо-Уқёнус 36 ҷой ҷудо кардааст.

Мусобиқаи интихобии олимпии Осиё оид ба гӯштин 12-14 апрели соли 2024 баргузор хоҳад шуд. Варзишгароне, ки дар чемпионати ҷаҳон-2023 соҳиби роҳхат мешаванд, ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаҳои интихобиро надоранд. Кумитаҳои олимпӣ низ дар категорияи вазние, ки роҳхат гирифтаанд, варзишгари дигарро сафарбар карда наметавонанд. Ду ҷои аввали ҳар категорияи вазнии мусобиқаҳои интихобии қоравӣ соҳиби роҳхати олимпӣ мегарданд.

54 роҳхати боқимонда ба се нафари аввали ҳар категорияи вазнии мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ (9-12 майи 2024) дода мешавад. Барандагони медалҳои тилло ва нуқра мустақим роҳхат мегиранд, барои роҳхати сеюм ду варзишгаре, ки медали биринҷӣ гирифтаанд, бо ҳам гӯштин мегиранд.

Мусобиқаи гӯштин дар Бозиҳои олимпии Париж-2024

Қувваозмоӣ – 18

Мардон – 12

Бонувон – 6

Шумораи иштирокчиён

Мардон – 192

Бонувон — 96

Ҳамагӣ – 288

Синну сол: 19+

Варзишгар барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ бояд литсензияи Федератсияи миллии варзишӣ дошта бошад ва номаш дар базаи маълумоти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин сабт гардида бошад.

Тақсимоти ҷойҳо:

Роҳхат тариқи чемпионати ҷаҳон-2023 – 90

Роҳхат тариқи мусобиқаҳои интихобии қитъавӣ – 144

Роҳхат тариқи мусобиқаи интихобии ҷаҳонӣ — 54

Ҳамагӣ – 288

Муҳлати марҳилаи интихобӣ

16 сентябри соли 2023 – 12 майи соли 2024

Мусобиқаҳои интихобӣ

16-24 сентябри соли 2023

Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин. Красноярск, Русия

12-14 апрели соли 2024

Мусобиқаҳои интихобии олимпӣ дар қитъаи Осиё

09-12.05.2024

Мусобиқаи интихобии олимпии ҷаҳонӣ

АКС: КМО Тоҷикистон

Апрель 10, 2022 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд