«ДӮСТ ОЯД ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР!». Дар Тоҷикистон аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ дар минтақаҳо оғоз шуд

Апрель 21, 2022 10:40

ДУШАНБЕ, 21.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 24 апрел  баргузории аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» дар шаҳру ноҳияҳои Дарвози ВМКБ, Восеъ, Ховалинг ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли кишвар ҷараён мегирад. Дар ин бора мудири бахши таҳлил ва иттилооти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошуб  Розиқзода хабар дод.

Дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо оид ба меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ таҳти унвони «Дӯст ояд гарм дар оғӯш гир» тасдиқ гардид.

Дар ин замина, 20-24 апрел баргузории аввалин меҳмонии ҷавонони ҷумҳурӣ дар шаҳру ноҳияҳои Дарвози ВМКБ, Восеъ, Ховалинг ва Кӯлоби вилояти Хатлон бо иштироки беш аз 100 нафар ҷавонони фаъоли кишвар дар назар аст. Зимни боздид аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷавонон бо маконҳои диданибоб ва ёдгориҳои таърихии ин минтақа шинос гардида, бо мақсади таҳкими дӯстӣ ва шиносоӣ бо расму русуми меҳмоннавозии минтақаҳо иштирокчиён дар хонаҳои истиқоматии ҷавонони ин ноҳияҳо ҷойгир карда мешаванд.

Субҳи имрӯз 50 нафар ҷавонони фаъоли шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар толори Кумита барои  иштирок дар ин меҳмонӣ ҷамъ омаданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо иштирокчиёни иқдоми меҳмонӣ мулоқот намуд.

Ҳадафи асосии меҳмонӣ- васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии халқи тоҷик, маданияти шаҳрдорӣ, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию таҳкими сулҳу суботи кишвар мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 50 нафар ҷавонони фаъоли ВМКБ ҷиҳати иштирок дар ин меҳмонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуруғ сафарбар карда шуданд.

Баргузории чунин иқдом то охири сол идома ёфта, дар маҷмӯъ тибқи нақша, 9 меҳмонии ҷавонон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ доир карда мешавад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Апрель 21, 2022 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд