Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» ду Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об шарҳ дода мешаванд

Апрель 11, 2022 09:15

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон  яке аз мамлакатҳое ба ҳисоб меравад, ки дорои захираҳои зиёди об буда, ҳамасола дар ҳудуди он 64 млрд м³ об ҳосил мешавад, ки 60% — и оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти мутахассисони соҳа, Тоҷикистон аз рўйи бузургии ҳаҷми захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8 – ум ва аз рўйи ҳаҷми қиёсии захираҳо (ба ҳар сари аҳолӣ ва ба ҳар 1 км ҳудуд) мутаносибан ҷойҳои аввалу дуввумро ишғол мекунад.

Тибқи маълумоти СММ, то соли 2025 норасоии обро аз се ду ҳиссаи аҳолии ҷаҳон эҳсос хоҳад кард. Аз ин рў, пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015 аз ҷониби Тоҷикистон барои татбиқи нақшаҳои СММ ва дигар кишварҳои аъзо дар масъалаи дастрасӣ доштан ба об «саривақтию дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад». СММ соли 2002 дар маърўза оид ба вазъ ва дурнамои истифода ва таъмини сайёра бо оби тоза эътироф кардааст, ки ҳадафҳои дигари Рушди ҳазорсола, аз қабили паст кардани сатҳи камбизоатӣ, таҳсилот ва саломатӣ бидуни дастрасии одилона ба об ва энергетика наметавонанд амалӣ шаванд.

Дар баробари пешрафти назаррас дар татбиқи дастёбӣ ба Ҳадафҳои марбутаи Рушди ҳазорсола тавассути Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 – 2015 хатарҳои наве, чун тағйирёбии иқлим, афзоиши босуръати аҳолӣ ва ба ин восита зиёд шудани талабот ба неруи барқ ҷомеаи ҷаҳонро ба он водор намуд, ки бо анҷом ёфтани даҳсолаи мазкур ба ҳамкорӣ дар масъалаи об хотима нагузошта, ташаббусҳои наверо дар ҳалли мушкилоти об ироа намояд.

Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шуморид, ки ташаббуси чаҳоруми ҷаҳонии худро вобаста ба масъалаи об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон намояд. Ташаббуси мазкур нахустин маротиба аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7 – уми умумиҷаҳонии об 12 апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардид. Ҳадафи асосии пешниҳоди ташаббуси мазкурро Президенти мамлакат идомаи татбиқи амалии тадбирҳои нақшавӣ дар чаҳорчӯбаи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ва ғанӣ сохтани онҳо ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор бо саъю талошҳои нав номиданд.

Тафсилоти бештар вобаста ба муҳимтарин паҳлӯҳои ду Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005 — 2015 ва “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд,  имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии “Сарват”–и радиои “Ховар” дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2022 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОБУ ИҚЛИМ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» зарурати қабули ташаббуси навбатии Тоҷикистон баррасӣ мегардад
«СОЛИ 2025-СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО». Баррасии аҳамияти ташаббуси панҷуми ҷаҳонии Тоҷикистон дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Нақши он дар ҳалли муаммоҳои экологӣ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Барномаи «Сарват» — и Радиои «Ховар» нақши онро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо баррасӣ менамояд
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад
Барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи тағйирёбии иқлимро аз нигоҳи Бюллетени Созмони ҷаҳонии метеорологӣ шарҳ медиҳад