Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» масъалаи дастгирии молиявӣ барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим шарҳ дода мешавад

Апрель 25, 2022 09:11

ДУШАНБЕ, 25.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кишварҳои нисбатан сусттараққикарда бо хатарҳои бузургтарини тағйирёбии иқлим рӯ ба рӯ ҳастанд ва барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба дастгирии молиявии байналмилалӣ ниёз доранд. Ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, новобаста аз сарватманд ва камбизоат будан маҷбуранд, ки ба тағйирёбии иқлим мутобиқ шаванд.

Тадқиқоти Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар ташкилот нишон медиҳад, ки хароҷоти ҳукуматҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар даҳсолаҳои оянда тақрибан ба 0,25 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон мерасад. Гарчанде ки ин нишондод дар сатҳи ҷаҳонӣ қобили қабул ба назар мерасад, он миқёси мушкилотеро, ки бисёре аз кишварҳои нодор ва осебпазир рӯ ба рӯ ҳастанд, инъикос намекунад.

Ба андешаи коршиносони соҳа, давоми 10 соли оянда тақрибан 50 кишвари камдаромад ва дар ҳоли рушд эҳтиёҷоти солонаро 1 дарсади ММД бештар хоҳанд кард. Дар давлатҳои хурди ҷазиравӣ, ки ба онҳо тӯфонҳои тропикӣ ва болоравии сатҳи баҳр таҳдид мекунанд, хароҷот метавонад боз ҳам зиёдтар то 20 фоизи ММД бошад. Мутаассифона, кишварҳое, ки ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бештар эҳтиёҷ доранд, аксар вақт василаи ин корро надоранд.

Сармоягузорӣ ба устувории иқлим инчунин метавонад барои шарикони рушд аз ҷиҳати молиявӣ судманд бошад, зеро сармоягузории аввалин ба чораҳои муҳофизатӣ метавонад нисбат ба кумаки башардӯстона ва барқарорсозии офатҳои табиӣ камтар арзиш дошта бошад.

Тафсилоти бештар вобаста ба масъалаи зарурати дастгирии молиявии кишварҳои сусттараққикарда барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имрӯз соатҳои 10:30, 14:30 ва 20:30 дар барномаи таҳлилии «Сарват»–и радиои «Ховар» дар таҳияи муҳаррири барнома Манижа Баҳромзода пешниҳоди шунавандагон мегардад.

 

Апрель 25, 2022 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» чорабиниҳои сатҳи байналмилаливу минтақавӣ дар арафаи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд тавзеҳ меёбанд
Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» хатари истеъмоли обҳои газдору бегаз тавзеҳ меёбад
Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» омодагӣ ба Конфронси байналмилалии дуюми оби Душанбе баррасӣ мешавад
Дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим ва нақши Тоҷикистон дар ҳалли он баррасӣ мегардад
Дар барномаи «Набзи иқтисод»-и Радиои «Ховар» масъалаи истифодаи самараноки замин ва мушкилоти хоҷагидорон баррасӣ мешавад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» ду Даҳсолаи байналмилалии амали марбут ба об шарҳ дода мешаванд
Барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» паҳлӯҳои ҳуқуқии истифодаи обро тавзеҳ медиҳад
Дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар» мушкилоти ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ мешаванд
Имрӯз — Рӯзи байналмилалии дарёҳо. Барномаи навбатии «Сарват»-и Радиои «Ховар» ба ин мавзӯъ бахшида мешавад
ВАО ва муаммоҳои экологӣ. Баррасии мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Аҳамияти эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»
Соли 2021 — яке аз ҳафт соли гармтарин дар таърих. Шарҳи мавзӯъ дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар»