Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулот ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 26.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ҷараён доранд. Ин ярмаркаҳо дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади фаровонии бозори истеъмолӣ ва ғанигардонии дастурхони сокинону меҳмонони пойтахт, инчунин пешгирии болоравии нархи маводи озуқа дар моҳи шарифи Рамазон ташкил карда шудаанд.
Тавре сармутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдусалом Нозимов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ярмаркаҳои мазкур дар ҶСП Истиқлол «Бозори Меҳргон»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳусейнзода, буриши кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шоҳмансур (назди Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), собиқ бинои «Қарияи боло»- айни замон назди таваққуфгоҳи бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино, майдончаи назди таваққуфгоҳи КВД «Бозори Саховат»-и ноҳияи Фирдавсӣ ташкил гардида, дар онҳо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба сокинону меҳмонони шаҳр бо нархҳои дастрас пешниҳод мешаванд.
«Ҳамзамон тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, дар даромадгоҳҳои бозорҳои хусусии коммуналӣ ярмаркаи доимоамалкунанда ҳамарӯза ҷараён дошта, дар 14 нуқтаи сераҳолии шаҳри Душанбе низ чунин ярмаркаҳо ҳамарӯза баргузор мегарданд, ки дар онҳо маҳсулоти зарурии мавриди ниёзи аввал манзур карда мешаванд.
Дар ярмаркаҳо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва Агентии захираҳои моддии давлатӣ маҳсулоти босифат бо нархи дастрас пешниҳоди сокинони пойтахт гардонида мешаванд.
Ба зикри мавсуф, дар ярмаркаи мазкур нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал назар ба бозор нисбатан арзонтар буда, нархи орд 290 сомонӣ, шакар 9,5 сомонӣ, картошка 2,5 сомонӣ мебошад. Меваҷот ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ бо нархи арзонтар пешкаши харидорони шаҳр гардонида мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба раисони ноҳияҳои пойтахт супориш додааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳрӣ бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин ярмаркаҳо, ҷойгир кардани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«ҲУНАРМАНДИ СОЛ». Дар Душанбе даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар пойтахт хатсайрҳои сайёҳии маърифатӣ ташкил карда шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд






