Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 26 апрел дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академия таҳти унвони «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ — амалӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки “дар доираи татбиқи чорабиниҳои илмиву амалӣ дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзӯъҳои муҳим ва мубрам конференсия ва машваратҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешаванд. Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии имрӯза дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» аз зумраи он чорабиниҳои илмиест, ки ба табодули андеша ва ақидаҳои нави олимону муҳаққиқони соҳавӣ дар самти ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои амалисозии ин иқдоми муҳим заминаи устувор мегузорад.
Бо шарофати рушди босуръати илму техника ва ҳамкории иқтисодӣ дар даҳсолаҳои охир ҷаҳонишавӣ хусусияти умумибашарӣ гирифт. Дар раванди ҷаҳонишавӣ сохтори иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки сараввал аз иқтисодиёти миллӣ иборат буд, тағйир меёбад. Натиҷаи ҷаҳонишавӣ тақсими ҷаҳонии меҳнат, муҳоҷират, дар миқёси ҷаҳонӣ истифода шудани сармоя, қувваи корӣ, захираҳои истеҳсолӣ, ба ҳам мутобиқ намудани қонунгузорӣ, равандҳои иқтисодию технологӣ ва наздикшавии фарҳангҳои миллатҳои гуногун мебошад.
Дар конференсия зикр шуд, ки пайвастшавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки мамлакат аз беҳтарин таҷрибаи байналмилалӣ дар низоми давлатдорӣ бархурдор бошад. Низоми президентии давлатдорӣ ва парламентаризм дар Тоҷикистон, тартиби гузаронидани маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва интихобот, иштироки мардум дар он, бисёрҳизбӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, механизми қабули конститутсия, қонунгузорӣ, ташкили сохтору низоми ҳукуматдорӣ ва ғайра мисоли онанд.
Дар конференсия президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷонибеки Асрориён, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Маҷидзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки конференсияи мазкур дар доираи «Ҳафтаи илм», ки аз 22 то 30 апрел дар Академияи идоракунии давлатӣ давом мекунад, доир гардид.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд






