ДАР ФАРОНСА — БОЗ ХУРУҶИ ЗУКОМИ ПАРАНДА. АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ин чӣ гуна вирус аст

Апрель 21, 2022 11:59

ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фаронса давоми 15 рӯз дар 37 фермаи департаменти Дордони ин кишвар хуруҷи зукоми парандаи H5N1 ба қайд гирифта шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, аввалин манбаи сироят дар фермаи қозпарварии Сент-Гениез дар минтақаи Перигор-Нуар ошкор гардид.

Ноиби президенти палатаи кишоварзии Дордон Яник Франс зикр намуд, ки аз 16 апрел 7 манбаи нави сироят ошкор карда шуд. Дирӯз дар фермаи таҷрибавии Куролес 700 ғоз маҳв карда шуд.

Палатаи кишоварзӣ аз ин гуна вазъият изҳори нигаронӣ намуда, аҳамияти андешидани тадбирҳои дахлдорро барои мубориза бо эпизоотия зикр намудааст.

Ҳоло дар кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ шумораи бештари парандагонро маҳв кардаанд, зеро тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ дар минтақаи Пэи-де-ла-Луар авҷи хуруҷи он дида мешавад.

МАЪЛУМОТИ АМИТ «Ховар»:

Зукоми паранда- бемории вирусиест, ки метавонад аз ҳайвонот ба одамон гузарад. Ба ин навъи вирус ҳама гурӯҳҳои парандагон, инчунин аспҳо, хукҳо, мушҳо, сагҳо, гурбаҳо ва дигар ҳайвоноти муҳрадор таъсирпазиранд.

Вирус метавонад тавассути тамоси наздик бо парандаи бемор ба одамон гузарад. Инчунин тавассути хӯрок дар сурати дуруст ва ба таври зарурӣ коркард нашудани ғизо. Ҳайвоноти хонагӣ бемориро бо роҳҳои гуногун мегузаронанд. Ҳам дар шакли беаломатӣ ва ҳам иллат ёфтани тамоми бадан, ки то ба марг расонида метавонад. Парандаи бемор бо рафтори ғайриодӣ фарқ мекунад: номутобиқатии ҳаракат, сустии аксуламал ва ғ. Ҳангоми гирифтор шудан тухмдиҳии паранда паст мешавад.

Дар одамон аломатҳои зерини беморӣ пайдо шуда метавонанд: баланд шудани ҳарорати бадан то 38 С, дарди гулӯ, мушакҳо ва сар. Нафаскашӣ душвор гардида, сулфаи тар сар мешавад. Хавф дар он зоҳир мегардад, ки вирус метавонад зуд ба пневмония оварда, ба майнаи сар низ таъсир расонад.

АКС: Erol Ahmed / Unsplash.com

Апрель 21, 2022 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид