Дар Кӯлоб доир ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд

Апрель 7, 2022 14:29

ДУШАНБЕ, 07.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 6 апрел дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати сазовору хотирмон истиқбол гирифтани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар бахши матбуоти ниҳоди мазкур.

Дар кори ҷаласа аъзои гурӯҳи корӣ- намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода, раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Сабур, муовини раиси вилояти Хатлон Амирхон Қурбонзода, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, таҷлили ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар ин самт, корҳои ободониву созандагӣ, сатҳу сифати иншооти бунёдшаванда, кишти картошка, сабзавот, ғалладонагӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ, вазъи муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва фаъолияти онҳо дар ҷамоату деҳот, вазъи рӯзгори мардум ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳаёти ҷомеаи имрӯз баррасӣ гардиданд.

АКСҲО: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Апрель 7, 2022 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
Дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб бо корҳои сохтмонӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ шинос гардид
Бахшида ба 10-солагии мақоми шаҳрро касб намудани Ҳисор ҳамоиш баргузор гардид
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид