Дар Норак наваскаронро тантанавор ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд

Апрель 2, 2022 11:54

ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи даъватшаванда — даъвати баҳории наваскарон барои хизмат дар сафи  Қувваҳои Мусаллаҳ бо иштироки раиси шаҳр Дилшод Асозода, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони корхонаю муассисаҳо ҷамъомади бошукӯҳи тантанавӣ  баргузор гардид. Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод Алимурод зимни суханронӣ ба наваскарон барои хизмати хубу софдилона ба Модар-Ватан барору комёбӣ таманно намуданд.

Таъкид гардид, ки дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат беҳтару хубтар мегардад.

Дар маросими гусел падару модарони наваскарон, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони меҳнат иштирок ва суханронӣ намуданд.


Ҷавононе, ки барои адои хизмати Модар-Ватан дар даъвати баҳорӣ ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии шаҳр омада буданд, онҳо бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши ронандагӣ фарогирифта шуда буданд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Норак ҷиҳати дар руҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон хоса насли ояндасози мамлакат пайваста  чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ доир карда мешавад.

Дар ҷамъбаст барои болидаруҳӣ аз ҷониби аҳли фарҳанги шаҳри Норак барномаи рангини консертӣ иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона пешниҳоди иштирокдорон гардид.

АКСҲО: МИҲД-и шаҳри Норак

Апрель 2, 2022 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид
Мотосиклронҳои шаҳри Душанбе ғолиби пойгаи мотосиклронӣ барои Ҷоми Раиси вилояти Хатлон шуданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд