Дар се моҳ ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия 2854 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ муроҷиат намудаанд
ДУШАНБЕ, 11.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли 2022 ба дафтари Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират аз шаҳри Москва ва ҳавзаҳои федералии Русия 2854 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудаанд. Аз шумораи муроҷиатҳои воридгардида 222 муроҷиат хаттӣ буда, 2632 муроҷиати дигар шифоҳӣ ба қайд гирифта шудааст. Муроҷиатҳои мазкур дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия мавриди баррасӣ ва иҷро қарор гирифтанд, хабар дод ба АМИТ «Ховар» масъули бахши матбуоти Намояндагии мазкур Каримҷон Салимзода.
Намояндагӣ барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон -муҳоҷирони меҳнатӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия телефони бовариро роҳандозӣ намудааст. Мутахассисони соҳа тавассути рақами +7(495)9679844 вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ ва қонунгузории Федератсияи Русия пусух гардонида, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд. Телефони боварӣ тибқи тартиби муайяншуда дар соатҳои корӣ аз соати 09:00 то соати 18:00 ба вақти Москва фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд.
Дар Намояндагӣ утоқи қабули муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил гардида, таҳти унвони «Кӯмак барои муҳоҷирони меҳнатӣ» лавҳаи иттилоотӣ насб карда шудааст. Дар ин лавҳаи иттилоотӣ маълумоти зарурӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла онҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ ба куҷо бояд муроҷиат намоянд, барои ин кадом ҳуҷҷатҳо заруранд ва дигар масъалаҳои ба ин самт марбут гирд оварда шудаанд.
Кормандони Намояндагӣ вобаста ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ — расонидани кӯмаку машварати ҳуқуқӣ, бо ҷои корӣ таъмин намудан, баргардонидани музди меҳнати онҳо бо мақомоти марбутаи Федератсияи Русия ҳамкориро тавсеа бахшида, вобаста ба қонунигардонии будубош, тартиби дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ ва дар мавзӯи тағйирот дар қонунгузории ин кишвар барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт – Петербург, Екатеринбург, Новосибирск ва Уфа миёни ҳамватанон корҳои фаҳмондадиҳиро тақвият бахшида, бо онҳо вохӯрию суҳбат доир намуданд.
Мавриди ёдоварист, ки соли 2021 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ ба 14 653 нафар муҳоҷирон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияву машваратҳои ҳуқуқӣ вобаста ба қонунигардонӣ дар қаламрави Федератсияи Русия дода шуда, ба 3 572 нафар шаҳрвандон кумакҳои ҳуқуқии амалӣ расонида шудааст.
Ҳамзамон ба 45 нафар шаҳрвандони кишвар – муҳоҷирони меҳнатӣ вобаста ба қарздор буданашон аз судиҷрочиён ва сари вақт насупоридани ҷаримаҳояшон бо содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз чунин машварати ҳуқуқии амалӣ бархурдор гардиданд.
Инчунин соли 2021 аз ҷониби масъулини Намояндагӣ дар қаламрави Федератсияи Русия 29 амали фиребдиҳандаи миёнаравон ошкор ва ҷуброни зарари муҳоҷирон баргардонида шудааст. Дар доираи қонунгузории Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такя ба қонунгузории байналмиллалӣ дар самти муҳоҷират масъулини Намояндагӣ ба зинаҳои болоии судӣ 66 шикоятро оид ба ихроҷи шаҳрвандон ирсол намудаанд, ки дар натиҷа 13 қарори суди ноҳиявӣ бекор шудааст.
Ба муҳоҷирони меҳнатӣ тавсия дода мешавад, ки қонунгузории кишвари қабулкунандаи қувваи кориро риоя намуда, тибқи тартиби муқарраршуда кор ва фаъолият намоянд. Ҳангоми оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо шартномаи меҳнатӣ ба имзо расонида, як нусхаи аслии онро дар худ нигоҳ дошта, тибқи муқаррарорти шартномаи меҳнатӣ фаъолият намоянд.
«Агар давоми буду бош ва фаъолияти корӣ дар Русия ҳуқуқҳои қонунии шаҳрвандони мо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корфармо, миёнаравон ва дигар шахсон поймол карда шаванд ва ё мақомоти судӣ ғайриқонунӣ қарор (оид ба хориҷ кардан аз ҳудуди ФР, ҷарима ва дигар ҳолатҳо) қабул кунад, ҳамчунин агар корфармо ё миёнараве аз пардохти музди маошашон саркашӣ кунад, ё ин ки мувофиқи касбу ихтисос кори муносиб пайдо карданӣ бошанд, барояшон ягон мушкилот вобаста ба гирифтани патент, иҷозатномаи кор ва ё дигар ҳуҷҷатҳо пайдо шаванд, ба мақомоти мо муроҷиат намоянд. Агар онҳо бо сабаби беморӣ ва дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт дар вазъияти мушкил монда бошанд, ба онҳо дар бастани қарордоди меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти корӣ ва дигар ҳолатҳо кумаки машваратӣ расонида мешавад», -афзуд Каримҷон Салимзода.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 1 ноябри соли 2021 Муассисаи давлатӣ-буҷавии шаҳри Москва «Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» қабули ҳуҷҷатҳоро ҷиҳати таҳияи иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) барои шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Москва оғоз менамояд ва аз ҳамин рӯз иборат дар Маркази муҳоҷирати ягонаи вилояти Москва, воқеъ дар вилояти Москва, ноҳияи Красногорск, и/п Путилково, 69 км РМҲМ (МКАД), ПТ «Гринвуд», қ 33 – 35 хизматрасонӣ роҷеъ ба таҳияи патент қатъ гардид. Яъне шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳоҷирони меҳнатӣ, ки пештар барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ дар вилояти Москваи Федератсияи Русия ба ноҳияи Красногорск муроҷиат менамуданд, минбаъд бояд ба Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» муроҷиат намоянд. Хотиррасон менамоем, ки Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷиратии «Сахарово» дар суроғаи вилояти Москва, деҳаи Вороновское, шоҳроҳи Варшавское, 64 км, Б1, қабати 47 ҷойгир мебошад.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- муҳоҷирони меҳнатӣ мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани ягон мушкилӣ метавонанд ба масъулини Намояндагӣ ба рақамҳои зерин муроҷиат намоянд:
1. ш. Москва: +7(495)9679844, +7(926)4626201, +7(903)5971213, +7(926)8769049, +7(910)4436335, +7(977)4878964, +7(967)2710202;
2. ш. Санкт-Петербург: +7 (964) 373 75 01;
3. ш. Екатеринбург: +7 (982) 739 8998;
4. ш. Новосибирск: +7(965)3586161;
5. ш. Уфа: +7 (915) 4883223;
6. ш. Краснодар: +7(929)540 88 88;
7. ш. Астрахан: +7(977)2720001.
8. ш. Хабаровск: +7 (909)809 5548;
Аксҳо: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР оид ба муҳоҷират