Дар шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмуни квотаи президентӣ баргузор шуд

Апрель 11, 2022 10:31

КӮЛОБ,11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 апрел дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51 шаҳри Кӯлоб даври дуюми озмуни квотаи президентӣ доир гардид. Дар озмун  намояндагони  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Сарраёсати маорифи вилояти Хатлон ва масъулини шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб иштирок  намуданд.

Корманди шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Гулчеҳра Шомадова ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод, ки бо иштироки 551 нафар ғолибони даври якуми озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи президентӣ аз рӯи 23 ихтисос 114 нафар ба даври дуюми озмун  роҳ  ёфтанд, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Гуфта мешавад, ки дар асоси фармоиши мудири шуъбаи маориф комиссияи босалоҳият таъсис дода шудааст, шаффофияти озмунро дар рӯзи баргузорӣ  назорат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки  раванди озмун аз ҷониби намояндагони Раёсати маорифи  вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри  Кӯлоб ва падару модарони довталабон низ назорат карда шуда, аз рӯи ҳар ихтисос то шаш нафар довталаб ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Муовини директор оид ба корҳои таълиму тарбияи  Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб Сарвиноз Абдурасулова аз иқдоми пешгирифтаи Сарвари давлат миннатдорӣ баён намуда, афзуд, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аксари муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Кӯлоб бо тарзи замонавӣ ва шароитҳои  зарурӣ сохта шудаанд. Ин хонандагонро водор сохтааст, ки  ба хондан таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.

«Ин аст, ки аз муассисаи мазкур 8 нафар хонанда ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд. Кӯшиш  менамоем, ки дар оянда ин теъдодро зиёд намоем» ,- афзуд Сарвиноз Абдурасулова.


Ёдовар мешавем, ки таъсиси квотаи президентӣ дар соли 1997 аз ҷониби Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз иқдоми шоиста дар ин самт маҳсуб ёфта, имкон фароҳам сохт, ки духтарону писарон аз ноҳияҳои дурдаст бештар ба муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии мамлакат дохил шуда, барои рушду инкишофи ҷомеа  хизмати арзанда намоянд.

Сулаймон ХОЛЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО:АМИТ «Ховар»

Апрель 11, 2022 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд