Дар шаҳри Кӯлоб ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид

Апрель 23, 2022 10:17

ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз имрӯз, 23 апрел дар майдони Маркази савдои «Истиқлол», воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб ярмарка — фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон оғоз гардид, ки то 2 май идома меёбад, хабар доданд аз бахши матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳр.

Ярмарка-фурӯши мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо мақсади танзими нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар бозорҳои истеъмолӣ, пешгирии болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҷалби хоҷагиҳои деҳқонӣ, бозорҳо, корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорони алоҳида гузаронида мешавад.

Дар ярмаркаи мазкур маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла орд, равған, тухм, шакар, меваю сабзавот ва дигар маводи хӯрокворӣ пешкаши харидорон карда мешаванд.

Ҳамзамон соҳибкороне, ки бо нархҳои дастрас хоҳиши ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти гуногуни озуқаворӣ доранд, метавонанд дар ярмарка фаъолона иштирок намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Апрель 23, 2022 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд