Даромадҳои буҷети Тоҷикистон дар семоҳаи аввал 310 миллион сомонӣ аз нақша зиёд шуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Даромадҳои буҷети Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба нақшаи пешбининамудаи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» 4,5 фоиз ё худ 310 миллион сомонӣ (ҳудуди 25 миллион доллари ИМА) зиёд шуданд. Ҳаҷми умумии буҷети давлатии мамлакат дар се моҳи аввали соли равон беш аз 7,1 миллиард сомониро (570 миллион долларро) ташкил намуд. Дар ин бора аз маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Чунин нишондиҳандаҳо бо афзоиши баланди даромадҳои андоз, ки ҳиссаи онҳо дар қисми даромад аз 72 фоиз зиёд буд, шарҳ дода мешаванд. Танҳо дар 2 моҳи соли равон ҳаҷми умумии пардохтҳои андозӣ аз шаҳрвандони мамлакат нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 18,1% (507 млн. сомонӣ) зиёдтар аст.
Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷет, маблағгузорӣ имсол қариб дар ҳамаи соҳаҳо, ба ғайр аз таъмини дастгоҳи давлатӣ зиёд карда шудааст.
Ба ҳисоби фоиз афзоиш дар соҳаҳои зерин: нигоҳдории тандурустӣ, комплекси сӯзишворию энергетикӣ ва кишоварзӣ ба назар мерасад.
Инчунин маблағҳои калон ба соҳаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоӣ ва комплекси сӯзишворию энергетикӣ ҷудо карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2022 Кодекси нави андоз мавриди амал қарор гирифт, ки дар он барои баъзе андозҳо имтиёзу сабукиҳо пешбинӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, меъёри андоз аз арзиши иловашуда, ки беш аз 40%-и даромади андози буҷетро ташкил медиҳад, аз 18% то 15% поин рафт.
Ҳукумати Тоҷикистон соли 2022 даромади буҷети мамлакатро 19,4% зиёд менамояд.
Қисми даромади буҷет ба маблағи 33 миллиард сомонӣ (2,5 миллиард доллар) тасдиқ шудааст, ки ба 31,7 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат баробар мебошад. Ин нисбат ба соли 2021 5,3 миллиард сомонӣ ё 19,4 фоиз зиёд мебошад.
АКС аз АМИТ «Ховар»








Дар панҷ ноҳияи вилояти Хатлон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
Дар Москва ҷаласаи Шурои соҳибкории Русияву Тоҷикистон баргузор гардид
Корҳои омодагӣ барои баргузории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ идома доранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд дар самти рақамикунонии иқтисод ва татбиқи зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Душанбе оид ба баргузории Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ нишасти матбуотӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» тадбирҳои беҳдошти ҳолати гидрологӣ амалӣ гардиданд
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад
Кишоварзони ноҳияи Восеъ дар беш аз 7 ҳазор гектар пунбадона кишт менамоянд
Оид ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиёӣ форуми байналмилалӣ доир мешавад






