Доир ба нақши худидоракунии маҳаллӣ дар таъмини рушди устувори Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

Апрель 29, 2022 17:11

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. «Нақши худидоракунии маҳаллӣ дар таъмини рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон»-таҳти ин унвон имрӯз, 29 апрел дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академия бо иштироки васеи профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур хабар доданд.

Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди мунтазами инфрасохтори деҳот таъмин гардида истодааст. Дар ин давра тамоми манотиқи мамлакат рушд карда, навоҳии кишвар симои худро дигар намуда, ба шаҳракҳо табдил ёфтанд.

Дар кори конференсия мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи кадрҳо Меҳрӣ Олимшо, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Риозода ва олимону устодони Академияи идоракунии давлатӣ сухан намуданд.

Яке аз самтҳои муҳими такомули низоми худидораи маҳал дар таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва шуғли пурмаҳсул инъикос мегардад. Имрӯз дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шуғл, аслан, дар шакли мавсимӣ қарор дорад. Дар ин замина, рушди инноватсионии хоҷагии коммуналӣ дар сатҳи мақомоти худидоракунии маҳаллӣ талаботи рушди инноватсионии Тоҷикистон аст. Омили дигар-дар такомули низоми худидораи маҳал ба инобат гирифтани низоми баробари рушди минтақаҳо дар сатҳи ҷамоатҳои дурдасти кӯҳистон ва навоҳии тобеи шаҳр аст. Барои таъмини минбаъдаи рушди мақомоти худидоракунии маҳаллӣ бояд соҳибкории хурду миёна ҳаматарафа дастгирӣ карда шавад. Бояд ба соҳибкории хурду миёна қарзҳои имтиёзнок дода шаванд ва ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоӣ ташаббуси ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ дастгирии қавӣ ёбад.

Зикр шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳукумати электронӣ дар маҳал, иртиботи хуби аҳолӣ бо ҷамоат, аз байн рафтани ҳолатҳои коррупсионӣ бояд дар ҷамоатҳо сомонаҳои расмии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва почтаҳои электронӣ таъсис дода шаванд. Агар гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ ва табодули дохилии иттилооти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатӣ дар хати «марказ-минтақаҳо – муқомоти худидораи маҳал – ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ» беҳтар гардонида шавад, ҳамон андоза сифат ва сатҳи низоми худидора беҳтар мегардад.

Мавриди зикр аст, ки конференсияи ҷумҳуриявии мазкур дар доираи лоиҳаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд» (2021-2025) доир гардид.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 29, 2022 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд