Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва барои зинаи бакалавр ва магистратура бурсияи таҳсилӣ ҷудо намудааст

Апрель 13, 2022 13:49

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) 5 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи бакалавр ва 2 бурсияи таҳсилӣ дар зинаи магистратура ҷудо намудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Барои зинаи бакалавр: муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ.

Барои зинаи магистр: муносибатҳои байналмилалӣ, омӯзиши минтақавии хориҷӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, журналистика, реклама ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, илмҳои сиёсӣ, идораи давлатӣ ва мунисипалӣ, кори тиҷоратӣ ҷудо шудаанд.

Давраи аввали бақайдгирии довталабон барои зинаи бакалавр дар бахшҳои минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 то 21 апрел идома ёфта, озмун 26 апрел дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад (дар бораи макони баргузории тест ба ҳар довталаби номнависшуда тавассути телефон хабар дода мешавад).

Даври дуюм дар Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз ҷониби Комиссияи қабули донишҷӯён, магистрҳо, докторантҳо ва унвонҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар бо иштироки довталабоне, ки дар даври аввал аз ҳама холи баланд ба даст овардаанд, гузаронида мешавад (сана, макон ва вақти озмун тариқи телефон хабар дода хоҳад шуд).

Довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, метавонанд то санаи муқарраргардида ба бахшҳои минтақавии муайян гардидаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Нишонии нуқтаҳои бақайдгирӣ: дар  шаҳри Душанбе; Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192; телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67.

Дар шаҳри Хоруғ: бахши минтақавии марказ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12, телефон: 915 20 72 29.

Дар ноҳияи Рашт: бахши минтақавии марказ, ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;  телефон: (+992 3131) 2 15 78.

Дар шаҳри Хуҷанд: бахши минтақавии марказ, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5; телефон: 926 44 11 48.

Дар шаҳри Панҷакент: бахши минтақавии марказ: вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;  телефон: (+992 3222) 5 50 51.

Дар шаҳри Бохтар: бахши минтақавии марказ, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13; телефон: (+992 3222) 3 05 41.

Дар шаҳри  Кӯлоб: бахши минтақавии марказ, вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;  телефон: 915 57 90 77.

Дар ноҳияи Данғара: бахши минтақавии марказ, вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32; телефон: (+992 3312) 2 17 86.

Инчунин ба маълумоти довталабони зинаи бакалавр ва магистр расонида мешавад, ки донистани забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмист.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода – 47 (рӯ ба рӯи Алиф Сармоя).

Телефон барои маълумот: 2-23-23-59

 АКС аз бойгонӣ

Апрель 13, 2022 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Корея баррасӣ шуд
Байни Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва ширкати академии «Bright»-и Шоҳигарии Камбоҷа Ёддошти тафоҳум имзо гардид
НИЗОМИ ДУВОЗДАҲСОЛАИ ТАЪЛИМ. Дар Тоҷикистон барои гузариш ба он омодагӣ мебинанд
Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ кафили таъмини саодати халқ ва рушду пешрафти мамлакат аст
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ мавриди иҷро қарор медиҳанд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
Пешвои миллат: «Барои гузаштан ба низоми 12-солаи таҳсил аз ҳоло чораҷӯӣ карда шавад»
Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор дар Камбоҷа 51 медал ба даст овард
Доир ба муаммо ва дурнамои илми методикаи таълим дар раванди ҷаҳонишавӣ конференсия баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Маркази омодагӣ ва имтиҳони HSK таъсис дода мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба маърифати молиявии аҳолӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд