ХИЗМАТ БА ВАТАН ӮҲДАДОРИСТ, НА ҲУҚУҚ! Ва ин ду истилоҳ – «саркашӣ» (аз хизмати ҳарбӣ) ва «облава»-ро набояд тавъам донист

Апрель 18, 2022 16:26

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Шубҳае нест, ки муносибати ҷавонони мо нисбат ба артиш сол то сол тағйир ёфта, нуфузи хизмати ҳарбӣ тадриҷан боло рафтааст. Далели ин солҳои охир иҷро шудани нақшаи даъвати ҳарбӣ аз ҷониби аксар шаҳру навоҳии мамлакат дар рӯзҳои аввали ин маъракаи муҳими сиёсӣ мебошад. Ҷавонон ихтиёран ва бо амри дил ба артиш мераванд. Рӯзи даъват дар комиссариатҳои ҳарбӣ мисли солҳои пешин ба иди ҳақиқӣ табдил меёбад. Албатта, дар тарбияи ҳарбию ватанпарварии ҷавонон фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мактабҳо, клубҳои ҷавонон, иттифоқҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори омма нақши бориз дорад.

Аммо бархе аз расонаҳо дар ин самт ошкоро ба истилоҳ «хизмати хирсона» мекунанд. Мақолаи ҳамкасбамон, сармуҳаррири рӯзномаи «Дайджест Press»  Сироҷиддин ИЗАТУЛЛОЕВ, ки махсус барои АМИТ «Ховар»  иншо намудааст, ба ҳамин мавзӯъ бахшида  шудааст

Ашхосе ҳастанд, ки шабурӯз, тавре мегӯянд, «аз зери нохун чирк мекобанд», пайваста дар фаъолияти Ҳукумати мамлакат камбудӣ меҷӯянд. Ҳамеша, дар ҳама ҳолат ва  дар ҳама чиз, ҳатто дар сафедӣ ҳам сиёҳиро дидан мехоҳанд, махсусан баъди ҳар тасмими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

«Муқтазои табиаташон ҳамин аст».

Ва ҳамин тавр, бори дигар вақте ки 4 март Фармони Сарвари давлат «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995-2004 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» нашр шуд, кори «хадамоти ташвиқот ва таблиғоти» ба ном «таҳлилгарон» аз расонаҳои  ба ном «озодандеш» ба ҷӯш омад.

«Таҳлили мо нишон медиҳад, ки дар даъвати иҷбории ҷавонон (ба сафи Артиш, — тавзеҳи АМИТ «Ховар»), пеш аз ҳама, худи ҷавонон гунаҳкоранд. Тасаввур кунед, ҷавоне, ки вазифаи конститутсионии худро иҷро намекунад, чӣ гуна даъвои ватандӯстӣ дорад?! Ба назари мо, онҳое, ки давлатро айбдор намуда, аз «облава» барои ҷавонони даъватшаванда фоҷиа месозанд, сахт хато мекунанд. Зеро, агар ҷавонон ихтиёран ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бираванд ва ба ин васила қарзи шаҳрвандии худро иҷро кунанд, пас барои ба кор бурдани чораҳои маҷбурӣ зарурат намемонад», — гуфт мутахассиси пешбари  шуъбаи  таҳлил ва пешгӯии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиназар Ашӯров.

Алиназар Ашӯров ҳақ аст: шаҳрвандони синни ҳарбӣ дар Тоҷикистон аввалан барои саркашӣ аз даъвати ҷорӣ огоҳ карда мешаванд ва баъдан дар сурати саркашӣ аз ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дод, моҳи ноябри соли гузашта Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба 50 нафар барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буд. Зимнан зикр гардид, ки даъватшавандагон ба даъватномаҳои аз ҷониби комиссариати ҳарбӣ фиристода беэътиноӣ зоҳир намуда, баҳори соли 2021 ба комиссияи даъват ҳозир нашуданд.

Мутобиқи Кодекси ҷиноятии кишвар, шахсоне, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, тибқи моддаи 343 муҷозот мешаванд. Дар ин модда муҷозот дар шакли маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз ду то панҷ сол ё ҷарима аз 30 то 60 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Аммо бояд гуфт, ки агар «саркаш» ба комиссияи  даъват пеш аз мурофиа ҳозир шавад, ӯро ба сафи артиш  равон мекунанд ва парвандаи ҷиноятӣ баста мешавад. Пас магар иҷборан ба сафи артиш бурдан аз суду ҷарима беҳтар нест?

Қисмати алоҳидаи ҷомеаи Тоҷикистон ин қонунгузориро аз ҳад зиёд сангин медонад. Аммо чунин воқеияти «сангин» дар дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои узви ИДМ вуҷуд дорад. Масалан, дар Федератсияи Русия даъватшавандагоне, ки ба даъватномаи имзошуда беэътиноӣ кардаанд, метавонанд дар рӯйхати ҷустуҷӯи федералӣ қарор гиранд. Имконият ба таври назаррас зиёд мешавад, агар даъватнома сарфи назар карда шавад ё ҷавон борҳо ба чорабиниҳои даъватӣ беэътиноӣ зоҳир намояд. Ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҷустуҷӯи федералии даъватшавандагон ба андозаи салоҳияташон ҷалб карда мешаванд. Ҷавони саркашидаро метавонанд ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, харидани чиптаҳо ва ҳангоми бақайдгирӣ дарёфт ва дастгир кунанд. Тибқи наттиҷаҳои мурофиа, даъватшаванда ё сафед карда мешавад ё барои саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ гунаҳкор дониста мешавад. Дар ҳолати дуюм, судя ҷазо дар намуди ҷарима, ҳабс, кори иҷборӣ ё маҳрумият аз озодиро ба муҳлати то ду сол таъйин мекунад.

Чаро аъмоли паст, яъне саркашӣ аз хизмати ҳарбиро бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон корнома меҳисобанд? Аввалан, биёед ба масъалаи хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар тамоми кишварҳои ҷаҳон  назар андозем. Аслан дар ҳама ҷо ду намуди хизмати ҳарбӣ вуҷуд дорад — тибқи шартнома ва даъват. Дар ҳар ду маврид Ватанро чавонони солиму пурғайрат ҳимоя мекунанд. Дар баъзе кишварҳо дар баробари писарон духтарон низ ба артиш мераванд. Дар  кишварҳои дигар  хизмати алтернативӣ барои категорияҳои муайяни шаҳрвандон вуҷуд дорад.

Аз кишварҳои узви СААШ (НАТО) дар айни замон даъват ва уҳдадории хизмат дар артиш дар Дания, Эстония, Юнон ва Норвегия амал мекунад. Шветсия ва Литва солҳои охир даъват ба артишро  аз нав барқарор намуданд.


Соли 2013 дар Австрия ва Швейтсария раъйпурсӣ оид ба лағви даъвати ҳарбӣ баргузор шуд. Натиҷаҳо шояд бисёриҳо, аз ҷумла рӯзноманигорони ҳангомаҷӯи мо ва таҳлилгарони расонаҳои ба истилоҳ «озод»-ро ба ҳайрат оваранд: 59% австриягиҳо ва 73 швейтсариягиҳо зид (яъне тарафдори нигоҳ доштани даъват дар шакли қаблӣ) баромаданд.

Даъват дар аксар мамолики Осиё ва Амрикои Лотинӣ низ боқӣ мондааст. Аз ҷумла, артиши калонтарини ҷаҳон — артиши Чин ҳанӯз ба сафҳои худ даъватшавандаҳоро ҷалб мекунад. Мардони аз 18 то 22 сола, ки аз рӯи нишондодҳои тиббӣ солиманд, ба қайди ҳарбӣ гузошта мешаванд. Онҳо то 45-солагӣ дар захира боқӣ мемонанд. Аз соли 2011 инҷониб муҳлати  хизмат  дар артиши Чин 2 солро ташкил медиҳад. Шахсоне, ки  фарзандони  якка дар оилаанд ва ё дорои доғи судӣ мебошанд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд. Ба саркашон ҷазои сангин — аз ҷаримаи калон то лагери меҳнатӣ таҳдид мекунад.

Дар Кореяи Ҷанубӣ уҳдадории харбии шаҳрванд дар моддаи 39-и Конститутсия сабт шудааст. Мардони аз 18 то 31-сола барои 24 моҳ даъват карда мешаванд. Шахсоне, ки саркашӣ мекунанд, то 36-солагӣ дар ҷустуҷӯ қарор мегиранд. Шахсоне, ки уҳдадории хизмати ҳарбӣ доранд, то 40-солагӣ дар захира мемонанд. Ба донишҷӯён муҳлат дода мешавад ва ягона роҳи комилан пешгирӣ кардан аз даъват- ин  маълумотномаи тиббӣ мебошад. Дар феҳрасти онҳо ҳамҷинсгароӣ низ ҷой дорад, ки дар Кореяи Ҷанубӣ беморӣ маҳсуб мешавад. Барои саркашӣ даъватшаванда метавонад ба муҳлати аз 2 то 10 сол ва дар замони ҷанг — аз 5 то 10 сол зиндонӣ гардад.

Дар Мексика ва Бразилия шаҳрвандон ба муҳлати 12 моҳ даъват карда мешаванд (дар баъзе мавридҳо муҳлат то 18 моҳ тамдид мегардад). Синни даъват аз 18 то 40-сола аст. Даъватшавандагон танҳо дар сафҳои артиш, флот ва қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ихтиёрӣ хизмат мекунанд. Барои донишҷӯён, шаҳрвандоне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд ё дар 18-солагӣ ҳукми зиндонро адо мекунанд ва барои онҳое, ки таъмини оила бар дӯши онҳост, муҳлат ба таъхир андохта мешавад. Озод шудан аз хизмати  ҳарбӣ бо сабабҳои тиббӣ, агар шаҳрванд берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ё зиёда аз 20 километр дуртар аз марзи марказҳои таълимӣ зиндагӣ кунад, имконпазир аст.

Дар кишварҳои Ховари Миёна низ  асосан  даъвати ҳатмии артиш  ба роҳ монда шудааст. Масалан, дар Туркия мувофики моддаи 72 Конститутсия «хизмат ба давлат ҳуқуқ ва вазифаи ҳар як турк аст». Мардони аз 19 то 40-сола даъват карда мешаванд. Шаҳвандоне, ки маълумоти олӣ надоранд, ба муҳлати 12 моҳ ба хизмати қаторӣ даъват карда мешаванд. Ва ба онҳое, ки на кам аз 4 сол дар донишгоҳ таҳсил кардаанд, интихоб пешниҳод карда мешавад: 12 моҳ хидмати афсарӣ ё 6 моҳи аскарӣ. Дар Туркия низоми ба таъхир андохтани даъват чунин аст: донишҷӯён метавонанд то 28-солагӣ, онҳое, ки дараҷаи тахассусӣ доранд — то 35-солагӣ ва онҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд — то 38-солагӣ ба артиш нараванд. Барои саркашӣ аз хидмат метавонанд аз як моҳ то 10 сол зиндонӣ шаванд. Ин вобаста аз он ки даъватшаванда аз комиссариати ҳарбӣ чанд муддат гурехтааст…

Хуб, дар Тоҷикистон низ хизмати алтернативӣ вуҷуд дорад. 29 январи соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонун «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»-ро ба имзо расониданд, ки тартиби бақайдгирии ҳарбӣ, даъвати ҳарбӣ ва худи хизмати ҳарбиро муайян мекунад. Қонуни мазкур хизмати ҳарбиро дар даъвати захиравӣ пешбинӣ менамояд, ки тибқи он шаҳрвандони синни ҳарбӣ аз хизмати ҳарбӣ ихтиёрӣ бо пардохти ҳармоҳаи таълими ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро Ҳукумати ҷумҳурӣ муқаррар менамояд, озод карда мешаванд. Хатмкунандагони донишгоҳҳо акнун бояд як сол дар артиш хизмат кунанд.

Ва, инак  дар бораи чизи асосӣ. Кадом навъи артишеро, ки мо нагирем, дар охир ҳамаи онҳо дар рафти ҷанги воқеӣ иқтидори худро нишон медиҳанд. Вақте ҷанг оғоз мешавад, байни мафҳумҳои сарбози шартномавӣ, захиравӣ ва ғайра тафовуфот намемонад. Як Артиш хоҳад буд ва ҳама чиз аз руҳияи ҷангии  сарбозон  вобаста хоҳад гардид. Агар руҳияи дурусти ҷангӣ набошад, артиш бешак, шикаст мехӯрад ва ҳамроҳ бо он ҳам давлат ва ҳам миллат суқут мекунанд. Мисоли равшани ин Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, ки тибқи маълумоти ошкоро дар соли 2021 шумораи онҳо 178,8 ҳазор нафарро ташкил медод: қувваҳои хушкигард – 171,5 ҳазор нафар ва қувваҳои ҳавоӣ – 7300 нафар. Тамоми ҷаҳон оқибати то чӣ андоза таассуфовар будани парокандагии ин артишро медонад.

Аммо дар баробари ин дар ҷаҳон аз ҷиҳати масоҳат ва аҳолӣ кам нестанд мамлакатҳои хурде, ки артиши онҳо душманонро ба тарсу ваҳм меандозад. Ва сабаб на дар аслиҳаи пуриқтидори муосир, балки дар руҳияи ҷангии шаҳрвандони онҳост.

Дар замони шӯравӣ як ибораи пурмаъно аз филми машҳури коргардон Владимир Абрамович Роговой «Офицеры» (1971) миёни ҷавонон маъмул буд.   Командири эскадрон, собиқ афсари подшоҳӣ: мегӯяд: «Есть такая профессия – Родину защищать!»  («Чунин як  касбе аст —  ҳимояи Ватан!»).  Агар онро саҳле тағйир диҳем, гуфтан мумкин: «Чунин уҳдадорие ҳаст — ҳимояи  Ватан!».  Мисли пардохти андоз, ки барои саркашӣ аз он масъулияти ҳуқуқӣ ба миён меояд.

Аммо, мутаассифона, дар дунё қувваҳое ҳастанд, ки дар бораи  кадом як  мустамликадории нав орзу мекунанд ва миёни онҳо бадхоҳони мамлакати мо низ  ҳастанд. Онҳо хуш надоранд, ки Тоҷикистон 30 сол боз давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол аст ва онҳо, ин қувваҳо, дар баробари дигар ҳадафҳои зишташон  мехоҳанд руҳияи ҷангии ҷавонони тоҷики синни даъватро бо мақсади дар оянда тобеъ кунонидани миллати тоҷик ба бегонагон ва барҳам додани давлатдории мо шикананд. Тавассути ниҳодҳои гуногун, фондҳо ва барномаҳои мақсаднок кӯшиш мекунанд, ки идеалҳои анархизмро ба сари ҷавонони тоҷик бор кунанд ва паси ғояҳои патсифизм (муқовимат бо ҳама гуна ҷанг. – Тавзеҳи АМИТ «Ховар») пинҳон шаванд,  дар ҳоле ки худашон аслан тарафдори ҷанг мебошанд.  То чӣ андоза дар амалҳои худ мебояд беҳаё буд, то ки истилоҳи «облава» («сарбозшикор»)-ро кофта интихоб ва дар мавриди даъвати шаҳрвандолн ба хизмати акскарӣ аз он гаштаю баргашта  истифода намоӣ ва аз нафарони  беномусе, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, «қаҳрамон» созӣ.  Бовар кунед, шармовар аст.

Охир, сухан дар бораи он меравад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон маҷбуранд бо зӯр саркашони муфтхӯрро аз ҷомеа дур созанд ва онҳоро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Ҳарчанд агар қонун пурра ба кор бурда шавад, ба ҷои хизмат дар артиш, касоне, ки саркашӣ мекунанд, бояд дар зиндон бошанд. Ва барои ҷилавгирӣ аз ин  маҳз сиёсати инсондӯстонаи давлату ҷомеа ба касоне, ки саркашӣ мекунанд, имкон медиҳад ба ҷои зиндонҳо дар казармаҳои ҳарбӣ бимонанд, ба ҷои муҳри наговари маҳбус унвони фахрии муҳофизи Ватанро соҳиб шаванд.

Ҷавонони Тоҷикистон акнун имкони дигаре пайдо мекунанд, ки барои хизмат дар Артиши миллӣ ҳамеша омода бошанд. АМИТ «Ховар»  моҳи декабри соли 2021 суханони сардори Маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон полковник Фаридун Маҳмадализодаро нашр карда буд, ки гуфтааст: «Акнун комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо то оғози маъракаи навбатӣ даъватшавандагонро ба хизмати ҳарбӣ ҷалб мекунанд. Маъракаи навбатии даъват ба армия. Тибқи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» комиссияҳои ҳудудии ба қайди ҳарбӣ гузоштани шаҳрвандон, ки дар асоси қарори раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо таъсис дода мешаванд, то даъвати навбатии ҳарбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати мудофиа фаъолият мекунанд».

Хизмати ҳақиқии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ марҳилаи муҳими ҳаёти ҳар ҷавон мебошад. Дар артиш ӯ на танҳо аз мактаби хуби ҳаёт мегузарад, балки дӯстони ҳақиқӣ пайдо мекунад ва аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ обутоб меёбад. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчии ҳарбӣ имкон дорад, ки худро аз ҳама беҳтарин нишон диҳад, дарк кунад, ки ӯ воқеан ба чӣ қодир аст, зеро дар он ҷо метавонад омодагии хуби ҳамаҷониба гирад, малакаҳои барои ҳаёт муфидро омӯзад,  боинтизом шавад, тарзи кори дастҷамъона ва пайдо кардани дӯстони якумраро ёд гирад. Вале аз ҳама муҳим, ҷавонон дӯст доштан ва ҳимоя  намудани Ватанро ёд мегиранд.

Бозӣ бо комиссариати ҳарбӣ метавонад барои даъватшавандаи беэҳтиёт ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёбад: овардан ба комиссариати ҳарбӣ ё ҷустуҷӯи ҷиноӣ, ҷарима ё ҳабс. Агар шаҳрванд аз комиссариати ҳарбӣ даъватнома гирифта бошад, ӯ вазифадор аст дар вақти муайяншуда ба он ҷо ҳозир шавад.

Дар шаҳрҳои Юнони қадим қонуни аҷибе вуҷуд дошт. Шаҳрванд танҳо шахсеро медонистанд, ки дар ҳолати хатар ба девор баромада, бо силоҳ дар даст шаҳр ва кишварро дифоъ карда метавонист. Ҳамаи боқимондаҳо ғайришаҳрванд буданд. Аз рӯи виҷдону шараф ин дуруст буд.

Аввалан, давлат гуфта на танҳо мақомоти давлатиро бояд фаҳмид. Калимаи «давлат» муродифи «кишваар» аст, сарзамине, ки дар он зода шудаӣ ва умр ба сар мебарӣ. Яъне давлати Тоҷикистон ватани ҳамаи мост. Ҷавон ба кӣ уҳдадор аст хизмат кунад? Дуруст аст, ба давлат, яъне ба Ватани худ. Ҳамин гуна ҷавонон буданд онҳое, ки як замон хизмат карда, ҳоло осудаҳолона ба нафъи Ватан меҳнат мекунанд ё ба истироҳат баромадаанд. Воқеият он аст, ки дар ҳоле ки модарат туро ба дунё овард, хӯронду ба боғчаву мактаб бурд, тайи ин ҳама муддат зиндагии осоиштаро ҷавононе таъмин намуданд, ки он вақт дар сафи артиш хизмат карда, Ватанро аз душманони берунӣ муҳофизат намуданд. Баъдан ба нафақа баромаданд ва онҳо низ мехоҳанд зиндагии осоишта дошта бошанд, аз ин рӯ насли ҷавон бояд онҳоро ҳимоя кунад.

Сониян, ҳифзи Ватан вазифаи муқаддас аст. Чаро муқаддас? Ҳатто дар китоби муқаддаси Қуръон «ҳуббулватан»(муҳаббат ба Ватан) оварда шудааст. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон  миллионҳо аҷдодони мо дар набардҳо ҳалок гардиданд. Онҳо ба мо — наслҳояшон  бо дили пур бовар доштанд, ки замоне фаро мерасад ва мо сари онҳоро хам намесозем, мислашон Ватани азизи худро ҳимоя карда, намегузорем, ки  пои душман хоки онро зер кунад. Маҳз ҳамин эътиқод онҳоро водор сохт, ки зери борони тирҳо  мардонавор ҷонбозиҳо кунанд. Эътимоди онҳо ба мо, ба оянда буд ва бовар доштанд, ки марги ҳар яки онҳо бар абас нахоҳад буд. Ҳамаи ин дар якҷоягӣ на танҳо вазифа, балки вазифаи муқаддаси аст, ки ҳимояи Ватан ном дорад.

Ҷавонони воқеие ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ё баъди хатми донишгоҳҳо ба сафи артиш рафта, хизматро адо намуданд ва бо  эҳсоси гуворои адои қарз ва боварии комиле баргаштанд,  боварӣ ба он ки  вақташон  беҳуда нарафтааст. Ва аз хизмат «саркашӣ» кардан на танҳо нисбат ба давлат, балки ҳатто нисбат ба падару модар, дӯстон ва наздикон низ  хиёнат аст.

То ба кай гуманизми давлат аз ҷониби  ба ном «таҳлилгарон» (онҳо дар маҷмуъ шарикони душманони миллатанд) бо истилоҳи «облава» ё «сарбозшикор» унвон мешавад?!

Шояд вақти он расидааст, ки давлат шахсони сини хизмати  ҳарбиро, ки меъёрҳои қонун дар бораи вазифаи ҳарбиро риоя намекунанд ва фармони даъват ба хизмати ҳарбиро иҷро наменамоянд, ба ҷавобгарӣ кашад? Касоне, ки саркашӣ мекунанд, аз буҷети давлат хӯронда нашаванд, бигзор волидайни бепарвои онҳо ва  ба ном «таҳлилгарон» ва воҳимаангезон барояшон ба  муассисаҳои ислоҳӣ хӯрок баранд! Бас аст муфтхӯрӣ дар ҷомеа.

Вақти он расидааст, ки на аз «эркаписарон», ки дар байни саркашон аксариятро ташкил мекунанд, балки аз манфиати давлат дифоъ кунем. Мо бояд руҳияи ҷангии ҷавононро инкишоф диҳем ва баланд бардорем, то ки онҳо дар мавриди зарурӣ ба қувваи душман ҷавоби сазовор дода тавонанд.

Ва бас аст дигар аз зери нохун чирк кофтан!

Сироҷиддин ИЗАТУЛЛОЕВ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Дайджест Press»
махсус барои АМИТ «Ховар»

Апрель 18, 2022 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

САРМОЯИ ИНСОНӢ. Рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳамияти аввалиндараҷа дорад
Дар нуқтаи ташхиси сифати ҳавои шаҳри Душанбе таҷҳизоти муосир насб гардид
ХОНАТАКОНӢ. Тоҷикон Наврӯзро бо тозасозии манзили зист ва поксозии қалб пешвоз мегиранд
НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад
ПИРЯХҲО-ҚИСМИ МУҲИМИ БИОСФЕРА ВА ОБЪЕКТИ ТАҲҚИҚОТИ ГЕОЭКОЛОГӢ. Андешаҳои дотсент Ҳаким Ғаюров дар ин маврид
НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ: АЗ ҶАШНИ МИЛЛӢ ТО БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва покию садоқат аст
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо фаъолияти марказҳои саломатӣ ва беморхонаҳои вилояти Хатлон шинос шуд
Бунафша Файзиддинзода дар доираи иштирок дар ҷаласаи 68-уми Комиссия оид ба мақоми зан бо занони тоҷики муқими Ню-Йорк мулоқот намуд
Барои беҳтар намудани вазъи китобхонаҳо ва тарғиби бештари китоб чӣ тадбирҳо бояд андешид?