Иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким меёбад

Апрель 2, 2022 10:12

ДУШАНБЕ, 02.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Иқтидори Агентии назорати  маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта мешавад. Дар ин бора 31 март зимни мулоқоти директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо Роҳбари Дафтари барномавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Мустафо Юнал Эртен иттилоъ дода шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар доираи лоиҳаҳои Барномавии Раёсати СММ барои Осиёи Марказӣ ва натиҷаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар 65-умин Иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар дар шаҳри Вена, инчунин амалишавии лоиҳаи «Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) Фаза 11» Барномаи Раёсати СММ барои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

Мустафо Эртен оид ба оғози амалисозии лоиҳаи нав бо Агентӣ «Баланд бардоштани иқтидори Агентии назорати маводи нашъаовар» иттилоъ дод.

Барномаи мазкур барои мустаҳкам намудани иқтидори шуъбаи махсус ва экспертизаи судӣ, инчунин дигар воҳидҳои сохтории Агентӣ мусоидат хоҳад кард. Лоиҳаи мазкур тайи 24 моҳи оянда бо харҷи 900 000 доллари ИМА амалӣ карда мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳа аз баланд бардоштани иқтидори Агентӣ дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҳамчунин муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари нав пайдошуда, аз ҷумла самарабахш вокуниш нишон додан ҳангоми ошкор, тафтиш ва таъқиби ҷиноӣ бо истифода аз воситаҳои махсуси тафтишотӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳа аз ҷониби шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва тартиботи ҳуқуқии Депортаменти Давлатии ИМА (INL) маблағгузорӣ карда мешавад.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ

Апрель 2, 2022 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд