Қирғизистон собиқ вазири корҳои хориҷиашро дар Тоҷикистон сафир таъйин кард
ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Содир Жапаров фармонеро имзо кард, ки тибқи он Эрлан Абдилдаев Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд. Дар ин бора 12 апрел дар сомонаи президенти Қирғизистон хабар дода шудааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Сафири 56-сола дар ин мақом роҳбари намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбекови 72-соларо иваз кард, ки аз соли 2018 дар ин мақом буда, 2 феврали соли 2022 аз вазифа барканор шуд.
Роҳбари нави намояндагии дипломатии Қирғизистон дар Душанбе вазири собиқи корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Эрлан Абдилдаев интихоб шуд.
Абдилдаев Эрлан Бекешович 21 июли соли 1966 дар Алмаато дар оилаи коргардони кино таваллуд шудааст. Маълумоти олиро дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москваи Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС бо ихтисоси «муносибатҳои байналмилалӣ» гирифтааст.
Дар солҳои аввали кор дар Раёсати давлатҳои сотсиалистии Осиёи ВКХ ИҶШС кор мекард.
Бо шарофати донистани забонҳои чинӣ ва англисӣ аз соли 1989 то соли 1994 дар Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдан Русия дар ҶМЧ ба кор ҷалб шуд.
Аз соли 1997 ба ҳайси мушовир-коршиноси шуъбаи байналмилалии Дастгоҳи Президенти Қирғизистон адои вазифа карда, соли 2001 Сафири Фавқулода ва Мухтори ҷумҳурӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, инчунин сафири ғайрирезидентӣ дар Муғулистон, Сингапур ва Таиланд таъйи шудааст.
Соли 2012 ба вазифаи Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон таъйин гардид.
Ӯ унвони доктори фахрии Донишкадаи равобити байналмилалии Москваи Федератсияи Русия ва профессори фахрии Академияи дипломатии Ҷумҳурии Мардумии Чинро дорад.
Миёни ҷоизаҳои давлатии дипломат ордени «Дӯстӣ» мавҷуд аст, ки барои саҳми бузургаш дар таҳкими равобити Русия ва Қирғизистон ба он сазовор шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






