«МАКТАБ МОБАЙЛ», «ОМӮЗГОР МОБАЙЛ». Дар Вазорати маориф ва илм платформаҳои рақамӣ муаррифӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои ЮНИСЕФ платформаҳои рақамии «Сандуқчаи Зулбиё» (www.tomaktabi.tj), Китобхонаи электронӣ (www.marifat.tj), палатформаи омӯзишии рақамии «Мактаб Мобайл» (www.maktabmobile.tj) барои омӯзгорону хонандагон ва «Омӯзгор Мобайл» (www.omuzgormobile.tj) муаррифӣ гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мақсад аз муаррифӣ- ин баррасии тарҳи палатформаҳои рақамӣ ва ҷустуҷӯи фикру мулоҳизаҳо барои беҳтар кардани сифати онҳо, банақшагирии қадамҳои оянда барои истифодаи платформаҳо ва баланд бардоштани иқтидори истифодабарандагон мебошад.
Дар ҷараёни муаррифӣ муовини якуми Вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, роҳбари бахши маорифи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Алберто Бианколи, кормандони дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тебеи вазорат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Ҷамшед Ҷӯразода иброз дошт, ки ислоҳоти маориф дар Тоҷикистон ба хотири васеъ намудани имконоти маърифатии шаҳрвандон, рақамикунонии таҳсилот, тарбияи кадрҳои ба бозори меҳнат рақобатпазир, соҳибмаърифат, бофарҳанг, мустақил, эҷодкору навовар, инчунин барои мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст. Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва илм тасмим гирифтааст, ки баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рақамикунонии соҳаи таҳсилот, ба вуҷуд овардани шароит барои таҳсилоти фосилавӣ, татбиқи «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017 ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аз 26.10.2021, Нақшаи фаъолияти якҷояи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) барои солҳои 2021-2022 лоиҳаҳои платформаҳои рақамиро дар муассисаҳои таълимӣ амалӣ намояд.


Директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия Абдураҳмон Гулзода палатформаи таълимии рақамӣ «Сандуқчаи Зулбиё» (www.tomaktabi.tj)-ро муаррифӣ намуд.
Ин платформаи рақамии таълимӣ барои таҳсилоти томактабӣ таҳия шудааст, ки барои мураббиён ва падару модарони кӯдакони то синни 6-сола маводи босифат дастрас менамояд. «Сандуқчаи Зулбиё» ҳамчун платформа барои рафъи холигӣ дар соҳаи маориф ҳалли наве пешниҳод намуда, омӯзиши босифат ва тағйирёбандаро дастгирӣ менамояд. «Сандуқчаи Зулбиё» натиҷаи ҳамкории ЮНИСЕФ, Майкрософт, Донишгоҳи Кембриҷ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мушкилот ва маҳдудияти дастрасии беш аз 1,5 миллион кӯдакони то 6-сола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсилоти доимии босифат ва фарогирии ками кӯдакон дар саросари кишварро ҳал менамояд.
Ҳадафи Китобхонаи электронӣ (www.marifat.tj), ки аз тарафи мушовири маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии ТИК Гетигурд Рустамов муаррифӣ гардид, фароҳам овардани дастрасии осон ва кор бо нусхаҳои рақамии захираҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва муҳтавои мултимедиявӣ, аз қабили аудио ва видео мебошад. Китобхонаи мазкур ба эҳтиёҷоти таълим ва омӯзиш ҷавобгӯ буда, мушкилоти рушди бардавомро муайян менамояд. Он барои омӯзгорон ва хонандагон имкон хоҳад дод, ки захираҳои иттилоотӣ ва воситаҳоеро истифода баранд, ки аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва консептуалӣ дастнорас набуданд.
Ҳамзамон платформаи омӯзишии рақамии «Мактаб Мобайл» (www.maktabmobile.tj) барои омӯзгорон, волидайн ва хонандагон ва “Омӯзгор Мобайл” (www.omuzgormobile.tj) барои омӯзгорон муаррифӣ гардид, ки онҳо барои фаъолияти омӯзгорон, имконияти дастрас барои хонандагон ва огоҳии волидон аз таҳсили фарзандонашон муфид аст.
АКС: маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 91 дастуру воситаи таълимӣ ва 7 китоби дарсӣ нашр намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ихтисоси амнияти системаҳои автоматикунонидаи коркарди иттилоот таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Табибон дар оянда бо истифода аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ таълим мегиранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон 10 фоиз зиёд мегардад
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон масоили рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит ва андозбандӣ баррасӣ гардид
Соли 2025 дар Тоҷикистон 214 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ иҷрои «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Тоҷикистон» баррасӣ гардид
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе оид ба зарурати фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ соҳиби 7 медал шуданд






