«МАОРИФИ МИЛЛӢ: ДАСТОВАРД ВА МУШКИЛОТ». Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мавзӯъ бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Маорифи миллӣ: дастовард ва мушкилот” баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон хабар доданд.
Дар муҳокимаронии масоили марбути ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода, президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Саидов иштирок намуданд.
Ҳамзамон дар ҳамоиш вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони ташкилотҳои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ – ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, коршиносони мустақил, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва коршиносон сухан гуфта, оид ба рафъи қазияҳои дар ин самт мавҷудбуда ва тавсеаи бемайлони маорифи миллӣ андешаҳои судманд пешниҳод намуданд.
АКС: ФИКМТ









Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд






