МАРАФОНИ ОБИИ «RUN BLUE». Мусоидат ба ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Апрель 12, 2022 09:07

ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем,  дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об, 22 март марафони ҷаҳонии об бо номи «RUN BLUE» («Дави кабуд») оғоз гардид. Марафони обии «Run Blue» бо дастгирии Бунёди ташнагӣ аз ҷониби фаъоли ҷаҳонӣ ва давандаи марафон Мина Гулӣ дар ҷойҳои шадидтарини сайёра дар тамоми кишварҳои ҷаҳон (200 марафон) дар 12 моҳ бо ҷалби беш аз 200 миллион нафар ташкил шуда, пас аз як сол дар маросими ифтитоҳи Конфронси обии СММ 22 марти соли 2023 ба охир мерасад.

Дар марафони обии «Run Blue» дар тӯли сол 6 чорабинии ҷаҳонии  давидан ва пиёдагардӣ баргузор мешаванд, аз ҷумла «Дави ҷаҳонӣ дар об», «Дави ҷаҳонӣ дар ботлоқзорҳо», «Дави ҷаҳонии иқлимӣ», «Sweat4soap», «Дави ҷаҳонӣ дар дарёҳо».

Ҳамаи ин мусобиқаҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои марбут ба об ва муҳимтар аз ҳама, илҳом бахшидан ба амалҳои марбут ба об нигаронида шудаанд. Ҳадафи марафон аз он иборат аст, ки 200 ширкат уҳдадор шаванд, ки дар доираи Конфронси оби СММ-2023 оид ба об тадбирҳои инфиродӣ андешанд. Мақсади асосии марафон мусоидат ба ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи рӯзафзуни об, ҳавасмандгардонии амалиёт, сафарбар намудани ҷидду ҷаҳд барои ба даст овардани дигаргуниҳои воқеӣ дар маконҳо мебошад.

Марафон инчунин ба тағйирёбии иқлим,  нишон додани робитаи мустаҳкам миёни иқлиму гардиши об ва зарурати ба ҳам овардани ин ду барномаи ҷаҳонӣ равона шудааст.

Тавре интизор меравад, дар рӯзҳои дар Тоҷикистон баргузор гардидани Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», яъне аз 6 то 9 июн фаъоли ҷаҳонӣ ва марафончӣ Мина Гулӣ ба Душанбе меояд.

Ҳадафи муҳими марафон- ҷалби таваҷҷуҳ ба Конфронси байналмилалии СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати ҳамаҷонибаи пешрафт дар ноил шудан ба ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (Конфронси оби СММ-2023) мебошад, ки 22-24 марти соли 2023 дар Ню Йорк баргузор мешавад.

Ҳамраисони Конфронси оби СММ-2023 Тоҷикистон ва Нидерланд буда, бо азму иродаи қавӣ ният доранд, ки онро барои тамоми ҷаҳон ба лаҳзаи ҳалкунанда табдил диҳанд.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ барои рушди дипломатияи об ва пешбурди захираҳои об дар арсаи байналмилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Аввалин ташаббус соли 1999 аз минбари иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соли 2003-ро “Соли оби тоза” муаррифӣ карда буданд, пешниҳод гардида буд. 20 декабри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд.

Дар робита ба ин моҳи августи соли 2003 дар Душанбе Анҷумани байналмилалии оби тоза баргузор шуд, ки дар он намояндагони ҳукумат, олимон ва коршиносони соҳаи об аз 54 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд.

Иқдоми дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» мебошад, ки бо қатъномаи дахлдори СММ қабул шудааст.

Соли 2013 бо пешниҳоди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар асоси қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ аз 20 декабри соли 2010  Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул шуда, моҳи августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор гардид.

Соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал», Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028″-ро ба унвони як пешниҳоди дигари Президенти Тоҷикистон бо ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ қабул кард.

Ташаббусҳои дигари кишвар дар солҳои 2018 ва 2020 дар соҳаи захираҳои об низ дида шуданд, зеро дар ҷаласаи 73-юми Қатъномаи “Баррасии ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва Иҷлосияи 75-уми Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба Шарҳи ҳамаҷонибаи миёнамуҳлати Ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз ҷониби 190 кишвари узви СММ ҳаммуаллифӣ шудаанд, якдилона қабул карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд.

Торнамои конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳои иҷтимоӣ дар твиттер (@DWaterProcess) ва фейсбук (Dushanbe Water Process) мунтазам бо маълумоти нав таҷдид мегарданд.

Аз ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилоту коршиносони соҳа ва дигар ҷонибҳои алоқаманд хоҳиш карда мешавад, ки худро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ то 6 майи соли 2022 номнавис намоянд.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»/ aubook.com.au

Апрель 12, 2022 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб зарурати тавсеаи робитаҳои фарҳангиро таъкид намуданд
Дар Москва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе тавсеаи минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардид
Ташкили даврҳои омӯзишӣ барои дипломатҳои ҷавони тоҷик дар Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Олмон доир шуд
Дар Риёз машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мавзуи обу иқлим баланд арзёбӣ гардиданд
Дар Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм доир шуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсии Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи савдо ва саноати Абузабӣ мулоқот намуд