Масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои шаҳри Санкт-Петербург баррасӣ шуд

Апрель 18, 2022 16:14

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода 12-15 апрел ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар ҷараёни сафари корӣ бо Губернатори шаҳри Санкт-Петербург Александр Беглов мулоқот кард. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург табодули афкор намуданд.

Сафири Тоҷикистон аҳамияти истифодаи зарфияти мавҷуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҷалби сармояро зикр намуд. Аз ҷумла, масоили содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба бозорҳои ш. Санкт-Петербург ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.

А. Беглов зарурати роҳандозии ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Санкт-Петербург, таҳияи барномаҳои муштараки омӯзишии таъриху фарҳанги Тоҷикистон ва Русияро таъкид намуд.

13 апрели соли 2022 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти палатаи савдо ва саноати Санкт-Петербург Владимир Катенев вохӯрӣ намуд. Дар мулоқот масоили дурнамои рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, тавсеаи гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ш. Санкт-Петербург мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон мусоҳибон иштироки доираҳои тиҷоратии Санкт-Петербургро дар ҳамоиши сармоягузории “Тоҷикистон-Русия”, ки 28 апрели соли 2022 дар Душанбе баргузор мешавад, баррасӣ  намуданд.

Д. Гулмаҳмадзода зимни сафар ҳамҷунин бо аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози ҳамватанон ва донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар мактабҳои олии ш.Санкт-Петербург таҳсил мекунанд, мулоқот доир намуд. Дар вохӯрӣ Роҳбари намояндагӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун ва таҳкими нақши кишвар дар арсаи байналмилалиро шарҳ дод.

АКСҲО: ВКХ ҶТ

Апрель 18, 2022 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд
Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт