Мазҳакаи «Табиби паррон»-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ гардид

Апрель 18, 2022 15:37

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Мазҳакаи «Табиби паррон»-и ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск», ки миёни 22 театри дунё аз 6 давлат- Корея, Шветсия, Латвия, Тоҷикистон, Русия ва Беларус доир шуд, соҳиби ду ҷоизаи байналмилалӣ- «Барои синтези равшани анъанаҳои театрии миллӣ ва ҷаҳонӣ» («За яркий синтез национальных и мировых театральных традиций») ва «Барои иҷрои бомаҳорати нақши асосии мусиқӣ» («За виртуозное исполнение главной музыкальной роли») гардид.

Директори Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд Эҳсон Ҳомидов дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ҳунармандони мо соҳиби ду ҷоиза- барои намоиши беҳтарин ва мусиқии беҳтарин гардиданд. Ҷоизаи намоиши беҳтаринро барои он ба ҳунармандони мо тақдим намуданд, ки ин намоиш аз рӯи пйесаи Жан-Батист Молйер бо забони русӣ ва бо услуби хоси миллию либосҳои тоҷикона дар саҳна иҷро гардид. Ҷоизаи мусиқии беҳтарин барои иҷрои сози доира, ки аз ҷониби ҳунарманди мо Қаҳрамон Бобоев иҷро шуд, лоиқ дониста шуд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, ҳунармандони Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд бо намоиши «Табиби паррон» аз 2 то 10 апрел дар Фестивали VIII байналмилалии театрии «Киштии Смоленск», ки дар шаҳри Смоленски Федератсияи Русия доир гардид, иштирок намуданд.


Намоишҳои театрии фестивал дар саҳнаи калони Театри давлатии академии драмавии Смоленск ба номи А. Грибоедов ва Театри вилоятии лӯхтаки Смоленск ба номи Д. Светилников ба саҳна гузошта шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали мазкур дар ду сол як маротиба доир гардида, нахустин маротиба соли 2008 гузаронида шуд.

АКСҲО: Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хуҷанд

Апрель 18, 2022 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд