Нашриёти «Адиб» якчанд китобчаҳои бачагонаро ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 29.04.2021. /АМИТ «Ховар»/. Нашриёти «Адиб» якчанд китобчаҳои бачагона, аз ҷумла «Офтобак хандид»-и Абдулҳамид Самад, «Меҳмони кайҳонӣ»-и Гулчеҳра Муҳаммадиева, «Куҷо шудӣ, офтобак?»-и Сафар Амирхон, «Бахти осмонӣ» — афсонаҳои кореягӣ ва «Афсонаҳои молиявӣ барои бачаҳо» -ро ба нашр расонид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Адабиёти бачагона ҷузъи муҳими адабиёт аст, зеро донишу ҷаҳонбинӣ, завқи зебоипарастӣ ва афкори кӯдак маҳз дар натиҷаи мутолиаи асаре, ки мувофиқи завқи ӯст, ба вуҷуд меояд.
Мояи хушнудист, ки солҳои охир дар мамлакат китобҳои кӯдакона бо забони ноби тоҷикӣ бениҳоят хуб ва бо дизайни ҳозиразамон, диққатҷалбкунанда ва хонданибоб ба нашр мерасанд. Хушбахтона, имрӯзҳо теъдоди ин гуна китобҳо афзудааст. Дар баробари ин, тарҷумаи китобҳои кӯдаконаи дигар миллатҳо низ бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, дастраси хонандагони хурдсол гардидааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар айни замон дар ҷумҳурӣ 79 китобхонаи бачагона бо хазинаи умумии зиёда 8 миллиону 535 ҳазору 824 нусхаи чопӣ ва маводи иттилоотӣ фаъолият менамоянд. Теъдоди аъзои хурдсоли шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо китобҳои «Мунтахаби осор»- и Убайди Зоконӣ, «Бӯстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Рубоиёт»-и Умари Хайём, панду андарзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, «Олуча гули бодом»-и Убайди Зоконӣ, «Харгӯшак»-и Гулниссо Ризвоншоева, «Баррача»-и Холбегим Давлатова, «Рӯд ва қатра»-и Нозирҷон Боҳирӣ ва ғайра диққати ҳар хонандаи хурдсолро ба худ ҷалб мекунад, ба беш аз 10 ҳазор нафар мерасад.
Ёдовар мешавем, ки соли 13-ум аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 2 то 7 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад. Ҳадафи асосии баргузории фестивал- ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.
АКС: Нашриёти «Адиб»








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






