ОФАРИН! Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи байналмилалии бокс «GeeBee Boxing Tournament-2022» сазовори медали тилло гардид

Апрель 11, 2022 10:02

ДУШАНБЕ, 11.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Мусобиқаи 40-уми байналмилалии бокс дар Финландия ба хотираи Гуннар Барлунд, ки бо тахаллуси GeeBee маъруф аст, сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа 7-10 апрел дар шаҳри Хелсинки бо иштироки беш аз 100 варзишгар аз кишварҳои Финландия, Норвегия, Шведсия, Эстония, Англия, Уэлс, Шотландия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Арманистон, Венгрия, Фаронса, Олмон, Булғористон ва Украина баргузор шуд.

Баҳодур Усмонов дар вазни -63,5кг муҳорибаро аз чорякфинал оғоз карда (дар даври аввал озод буд), бар намояндаи Арманистон Ҳамлет Мнатсаканян бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Дар нимфинал ҳарифаш аз Венгрия Ричард Ковачро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуд. Сипас, Баҳодур дар финал бар варзишгари Шотландия Риси Лунч бо ҳисоби 4:1 пирӯз гардида, сазовори медали тилло шуд.

Мусобиқаи «GeeВee Boxing Tournament-2022» аз соли 1982 баргузор мешавад. Имсол муҳорибаҳо аз рӯи 4 вазн миёни бонувон ва 11 вазн миёни мардҳо сурат гирифтанд.

АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Апрель 11, 2022 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд