Ғолибони олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва технологияи иттилоотӣ қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кохи «Суруш»-и пойтахт маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ барои хонандагони синфи 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид. Дар он аз 778 иштирокчии олимпиадаҳои фаннӣ 296 хонанда соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ (45 медали тилло, 86 медали нуқра, 165 медали биринҷӣ) гардиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷамъбасти олимпиадаҳо аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва олимпиада аз фанни технологияи иттилоотӣ ба номи Ал-Хоразмӣ хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 116 ҷойи ифтихорӣ (23 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 67 ҷойи сеюм) ва мақоми якум, вилояти Суғд сазовори 75 ҷойи ифтихорӣ (8 ҷойи якум, 23 ҷойи дуюм, 44 ҷойи сеюм) ва мақоми дуюм, вилояти Хатлон сазовори 67 ҷойи ифтихорӣ (9 ҷойи якум, 26 ҷойи дуюм, 32 ҷойи сеюм) ва мақоми сеюм гардида, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 22 ҷойи ифтихорӣ (3 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм, 14 ҷойи сеюм) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сазовори 16 ҷойи ифтихорӣ (2 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм, 8 ҷойи сеюм) гардиданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷониби Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ғолибон медалҳо, «Ифтихорнома»-ҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд. Ҳамчунин омӯзгороне, ки дар ҳаракати олимпӣ ва омода кардани хонандагон ба ин олимпиадаҳо саҳм доштанд, бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон шаҳру ноҳияҳои Сино, Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Данғара, Исмоили Сомонӣ, Исфара, Ҳисор, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Хоруғ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои мазкур ба даҳгонаи аввал дохил гардиданд.
Ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, барои ҷойи якум 100 хол, барои ҷойи дуюм 75 хол ва барои ҷойи сеюм 50 хол муқаррар гардидааст. Ин холҳо ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон илова мегарданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовини Вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Тоҷинисо Маҳмадова, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, намояндагони раёсату шуъбаҳои маориф, омӯзгорон ва хонандагон иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода иброз дошт, ки таълиму тарбияи насли ҷавони боистеъдод яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи дарёфт ва рушди истеъдодҳо ҳамчун самти афзалиятноки соҳаи маориф эътироф шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирӣ ва ғамхории кӯдакони болаёқат ва соҳибистеъдод зикр намуданд, ки «ғамхорӣ ба кӯдакони соҳибистеъдоду лаёқатманд ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу зиндагӣ барои онҳо ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумат қарор дорад». Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилияти эҷодии истеъдодҳо «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки барномаи мазкур дар ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим мегузорад.
АКСҲО: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм









Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд






