ҶОМИ ОСИЁ-2022. Имрӯз дастаҳои мунтахаби футзали Тоҷикистон ва Узбекистон миёни ҳам бозӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 12 апрел дар шаҳри Бишкек бозиҳои даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ баргузор мешаванд. Дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозӣ мекунад, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Баъди ду даври мусобиқа дастаи мунтахаби Узбекистон шаш имтиёз, дастаи мунтахаби Тоҷикистон чаҳор имтиёз доранд. Бозии дастаҳои мунтахаби Узбекистону Тоҷикистон соати 10:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Чанд рӯз пеш дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар шаҳри Бишкек дастаи мунтахаби Непалро бо ҳисоби калони 11:1 шикаст дод. Аз ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон Файзалӣ Сардоров се гол ё хет-трик анҷом дод. Идрис Ёров, Умед Кузиев, Шавкат Ҳалимов ва Самандар Ризомов дутӯбӣ ба нишон расониданд.
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






