«ҶОН БА РАҲИ ВАТАН НИСОР МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?!». Ноҳияи Фархор даъвати баҳориро анҷом дод
ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ҷавонони синни даъватӣ ба хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ гусел карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар маъракаи гусел Раиси ноҳияи Фархор Зариф Вализода, масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, роҳбарони сохторҳои қудратӣ, намояндагони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва волидони даъватшавандагон иштирок карданд.
Аксари даъватшудагон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ихтиёран ҳозир шуда, зикр доштанд, ки барои дифои марзҳои Ватани худ ҳамеша тайёранд.
Зимнан зикр гардид, ки нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Фархор иҷро шуд.
Маросими даъвати наваскарон бо барномаи консертӣ ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ анҷом ёфт.
Бояд зикр намуд, ки хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Артиши миллии мамлакат дар тӯли мавҷудияти худ дар таҳкими суботу оромӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши назаррас дорад.
АКС: МИҲД н. Фархор








Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои дохилии кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Қазон ҷаласаи 24-уми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд






