Озарбойҷон хостори тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Тоҷикистон аст

Апрель 13, 2022 09:04

ДУШАНБЕ, 13.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба тавофуқ расиданд, ки барои рушди устувори ҳамкории минбаъда дар соҳаи сайёҳӣ  санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва ба имзо расонанд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки масъалаи тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Чумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оглу Аскеров мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт.

Зикр шуд, ки таърихи пурғановату мероси бойи фарҳангӣ, табиати нодир ва мавзеъҳои биҳиштосои Тоҷикистон заминаи устувори рушд барои соҳаи сайёҳӣ маҳсуб шуда, рушди  соҳаи сайёҳӣ дар партави сиёсати созандаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.

Ҷониби Озарбойҷон ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ изҳор дошта, зикр намуд, ки баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ба рушди сайёҳӣ мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2022 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Хайринисо Идрисова: «Дастарӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дастовардҳои Тоҷикистон дар Форуми иқтисоди рақамии Созмони ҳамкории Шанхай-2025 муаррифӣ гардид
Дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сохта мешавад
Имсол дар Бадахшон 45 корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи маҳдуди сатҳи вазирони иқтисоди СҲШ дар Чин иштирок намуд
Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид
ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
Дараи Алмосии шаҳри Ҳисор расман ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид карда шуд
Дар Бонки миллӣ бо ҳайати Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид