Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳияи Данғара боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара дар яке аз мавзеъҳои зебо ва хушбоду ҳаво беш аз 4000 сар навъҳои гуногуни паррандагони нодир, аз ҷумла кабки дарӣ, мурғи даштӣ, мурғҳои фиръавн ва ҳилолро, ки ба табиати Тоҷикистон мутобиқ ҳастанд, ба табиат сар доданд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани ҳайвоноти нодир, бахусус парандагон қарори махсус қабул намуда буд ва дар доираи татбиқи ин қарор то имрӯз дар саросари кишвар барои рушди соҳа, парвариши бештари паррандагони нодир, ки ба китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудааст, тадбирҳои мушаххас амалӣ мегардад.
Баъди эълон шудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва беҳтар кардани вазъи фаъолияти мамнуъгоҳҳои кишвар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ, аз ҷумла шикорчиён ба имкониятҳои рушди туризми байналмилалии Тоҷикистон бештар мегардад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оянда бо дарназардошти имкониятҳои фаррох, боду ҳавои мусоид ва замини зархез барои парвариши парандагону ҳайвоноти нодир, дар ҳудуди ноҳияи Данғара мамнуъгоҳҳо бунёд мегардад.
Дар ноҳияи Данғара барқарорсозии муҳити экологӣ, набототу ҳайвонот ва парандагони он хуб ба роҳ монда шудааст.
Табиати нотакрору биҳиштосои Тоҷикистон имрӯзҳо диққати сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ба худ ҷалб кардааст. Вобаста ба ин Сарвари давлат ба роҳбарияти ноҳия ба масъалаи вусъати парвариши паррандаҳо, зиёд намудани саршумори онҳо, инчунин оид ба ҷоннок намудани корҳои ободонӣ, ба тартиб даровардани ҳудуди мамнуъгоҳҳо ва тавассути ин тадбирҳо муҳайё намудани заминаи рушди туризм, дастуру супоришҳо доданд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея Чо Ҷон Сик мулоқот намуданд
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея сарфароз гардонда шуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ — Ҷумҳурии Корея иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин Ҳамоиши Сарони давлатҳо дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея» иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ҳан Сон Сук мулоқот намуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар назди маҷмааи ёдгории Оромгоҳи миллии Корея гулчанбар гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Сеул шуданд






