Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода аз мардуми Тоҷикистон даъват кард, ки дар иди Фитр ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд

Апрель 29, 2022 11:48

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Таҷлили иди Фитр ё Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи душанбе, 2 май дар назар аст. Тасмим дар ин бора 27 апрел дар ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии кишвар гирифта шудааст. Тавре раиси Шӯрои уламои кишвар Саидмукаррам Абдуқодирзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ хабар дод, 2 май, соати 06:00 дар тамоми масҷидҳои ҷомеи кишвар намози бомдод ба хотири гиромидошти таҷлили иди шарифи Рамазон баргузор мешавад. Иди фитр ба мусулмонон аз поёни моҳи шарифи Рамазон ва оғози моҳи шаввол хабар медиҳад.

«Хусусияти иди саиди Фитр — ин пас аз анҷоми  намози ид зиёрат намудани зиёратгоҳҳои  аҷдодону гузаштагон,  пиронсолон, волидон, беморон, ятимон ва хешовандон мебошад. Тавре маълум аст, мардуми тоҷик бо меҳмоннавозии худ машҳур аст, аммо бо вуҷуди ин дар рӯзи ид набояд ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ нисбат ба оростани дастархони идона роҳ диҳем. Ҳар шахс бояд то ҳадди имкон дастархони худро оро диҳад. Хӯрокҳо ва дигар шириниҳои зуд вайроншаванда набояд бошанд, зеро имрӯзҳо ҳаво хеле гарм аст. Ҳамаи хӯрокҳои омодашударо мардум дар як рӯз истеъмол карда наметавонанд ва ғизо зуд вайрон мешавад. Ин албатта, исрофкорӣ мебошад. Дар Ислом мегӯянд, ки исрофкор бародари шайтон аст. Мо дар ин рӯзи муборак набояд ба исрофкорӣ роҳ диҳем. Бояд танҳо дастархони маънавӣ оро диҳем»,- маслиҳат дод  Сайидмукаррам Абдуқодирзода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар ин рӯз набояд ба зиёдхӯрӣ ва омехтахӯрӣ роҳ дод. «Нафароне, ки рӯза гирифта буданд, бояд тадриҷан ба ғизои муқаррарии худ баргарданд. Онҳо бояд  бо меъёри муайян хӯрокҳои на он қадар вазнин истеъмол кунанд.  Зеро давоми як моҳи рӯзадорӣ шахс  15-16 соат аз хӯрок хӯрдан  худдорӣ карда буд ва меъдаи вай ба ин реҷа одат карда, нисбатан хурд шудааст ва  аз ҳад зиёд хӯрдани хӯрок  метавонад боиси бемориҳои ҷиддӣ гардад. Дар ин рӯз бояд ҳама сари дастархони маънавӣ  ҷамъ омада, суҳбатҳои маънавию фарҳангӣ кунанд. Дар хонаи нафароне,  ки ягон наздикашон гузаштааст, бояд он марҳумро бо некӣ ёд оваранд, то рӯҳаш шод гардад», — иброз дошт раиси Шӯрои уламои кишвар.

Ҳамсуҳбат таъкид намуд, ки ҳарчанд  ин ҷашни дӯстдоштаи кӯдакон аст, волидон набояд онҳоро беназорат гузоранд. Падару модарон ҳангоми гашту гузор ва хӯрдани шириниҳо кӯдаконро назорат кунанд, то  ид аз  ҷашни хурсандӣ ба ғам табдил наёбад.

«Дар ин моҳи муборак дар баробари анҷоми расму ойинҳои динӣ анҷом додани корҳои шоиста, корҳои хайру садақа, дастгирии ятимону маъюбон, камбизоатон ва ниёзмандон хеле муҳим аст. Ин яке аз хислатҳои хуб ва инсондӯстонаи ҳар мусалмони диндор ба шумор меравад. Ҳар инсони хайрхоҳу саховатпеша дар ин моҳи шариф бояд хайру саховат намояд. Дар арафаи ид фурӯшандагон набояд нархро боло баранд. Ба таври сунъӣ боло бурдани нархи маводи ниёзи аввалу дигар маҳсулот, суиистифода аз моҳи мубораки Рамазон гуноҳи бузург буда, оқибатҳои манфӣ дорад. Ба одамоне, ки нархро ба таври сунъӣ баланд мебардоранд, фоидаи ба даст овардаашон насиб намегардад ва ба онҳо хору залилию нокомӣ меоварад. Аз ин рӯ ман аз  тамоми тоҷирон ва онҳое, ки ҳамарӯза дар бозору дӯконҳо кор мекунанд, даъват мекунам, ки аз ин рӯзҳои муқаддас суистифода накарда,  барои худашон розигии Парвардигор ва мардумро гиранд ва   дар арафаи иди Рамазон нархҳоро арзон кунанд.  Агар зулм кунанд, нархро бардоранд, мардумро  фиреб кунанд, ҳатман ҷазояшонро мебинанд. Амалҳои нек оқибати нек доранд», – гуфт Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои кишвар.

Қобили зикр аст, ки имсол дар асоси қарори Шӯрои уламои кишвар ҳаҷми садақа ба маблағи 7 сомонӣ (1 кг гандум) ва 80 сомонӣ (1 кг мавиз) барои одамони сарватманд муайян шудааст.

Моҳи Рамазон нуҳумин моҳи тақвими қамарии мусалмонон буда, пас аз моҳи Шаъбон (ҳаштумин моҳи тақвими қамарии мусулмонӣ) оғоз мешавад. Моҳи мубораки Рамазон моҳи Қуръон аст. Худованди мутаъол дар ин моҳ китоби осмонӣ — Қуръони каримро нозил кардааст. Маънои рӯзадорӣ озмоиши ирода ба хотири пирӯзии рӯҳ бар нафс, таваҷҷуҳ ба ҷаҳони ботинӣ барои кам кардани  гунаҳкор ва тавба кардан аз гуноҳҳои содиршуда, мубориза бо кибру ғурур мебошад.

Сарчашмаи ин анъана ба таърихи пайдоиши ислом рост меояд. Тавре ки дар Қуръон омадааст, дар ин моҳ Худованд ба паёмбараш Муҳаммад (с) рӯй овард. Ҳама мусулмонон Рамазонро ҳамчун моҳи покӣ ва оромиш дарк мекунанд.

Ҳадаф аз гирифтани рӯза дар моҳи Рамазон таҳким бахшидани имони мусалмонони парҳезгор аст. Ҳар рӯза тозагии ҷисмонӣ (навсозии ҷисмонии бадан) ва рӯҳонӣ (таҷдиди имон ва таҳкими рӯҳ) мебошад.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

Апрель 29, 2022 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд
Дар ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Шамсиддини Шоҳин ва шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Малакаи касбӣ» оғоз гардид
Дар Тоҷикистон барои муайян кардани иллатҳои ирсии модарзод табодули таҷриба анҷом дода шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
Ҳайати Тоҷикистон бо раванди навсозии хизматрасонии давлатии Молдова шинос гардид