Сафири Тоҷикистон дар маросими аксгирӣ бо Президенти ИМА Ҷозеф Байден иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 12.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фаррух Ҳамрализода бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден акс гирфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА хабар медиҳад.
«4 апрели соли 2022 Сафири Тоҷикистон дар ИМА дар маросими аксгирӣ бо Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷозеф Байден иштирок намуд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА.
Ёдовар мешавем, ки 4 декабри соли 2020 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Фаррух Ҳамрализода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйин гардида буд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 19 феврали соли 2022 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
«Тоҷикистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро, ки дар қатори аввалинҳо истиқлол ва соҳибихтиёрии давлати моро эътироф намуда буд, имрӯз шарики муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонад.
Мо аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории фарогири кишварҳоямон, ки соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла арсаҳои сиёсию иқтисодӣ, гуманитарию иҷтимоӣ ва амниятиро дар бар мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамоем»,- гуфта мешавад дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден.
Дар барқияи табрикии Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст: «Ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ман ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон таманниёти самимии худро ирсол менамоям.
Дар тӯли ин 30 сол мо барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намудем.
Дар раванди идомаи ҳамкорӣ мо ҳадафҳои умумии амниятии худро, аз ҷумла дар самти шарикии муассир дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳем бурд. Шарикии мо ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои мо ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, чун ҳарвақта, ба мардуми Тоҷикистон, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишвари Шумо содиқ мемонад».
АКС: Сафорати ҶТ дар ИМА








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






