Сафири Точикистон бо Раиси Шӯрои директорони Агентии Акредитатсияи «HELAL»-и Туркия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов 13 апрел бо Раиси Шӯрои директорони Агентии Акредитатсияи «HELAL»-и Туркия Зафер Сойлу мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи кунунии ҳамкории тиҷоратӣ, инчунин дар доираи Комиссия байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҷонибҳо тақвияти ҳамкориро дар самти акредитатсия, бунёди озмоишгоҳҳои муосир, пешниҳоди сертификати молу маҳсулоти ҳалол, табодули иттилоот дар заминаи зерсохтори сифати ҳалол ва баиимзорасонии ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Туркия, муҳим арзёбӣ намуданд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






