Сафирони Тоҷикистон ва Гватемала рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории ду кишварро баррасӣ карданд

Апрель 18, 2022 17:50

ДУШАНБЕ, 18.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 апрел вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов бо Сафири Ҷумҳурии Гватемала дар Туркия Ҷейро Д. Эстрада Б (Jairo D. Estrada B) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар медиҳад.

Зимни вохурӣ масъалаҳои вобаста ба рушди муносибатҳо ва тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.

Ҷонибҳо зикр карданд, ки ҳамкории ду кишвар барои рушди мутақобила дурнамои хуб дорад. Гватемала ба шарикӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бисёр бахшҳо, бахусус дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат ва сайёҳӣ умедвор аст.

Ёдовар мешавем, ки Изҳороти муштарак дар бораи барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Гватемала 22 августи соли 2006 ба имзо расида буд. Гватемала дар байни Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ ҷойгир буда, аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ва геологӣ ба қитъаи Амрикои Шимолӣ тааллуқ дорад, аммо аксар вақт онро як минтақаи алоҳида — Амрикои Марказӣ меноманд. Ин сеюмин кишвари калонтарин дар Амрикои Марказӣ аз рӯи ҳудуд аст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Туркия

Апрель 18, 2022 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Хуттали Қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд