Саидиброҳимови дар ҷустуҷӯбуда бо худиқрорӣ ба мақомоти милитсия ҳозир гардид

Апрель 19, 2022 12:21

ДУШАНБЕ, 19.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 18 апрел сокини шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Фирӯз Саидиброҳимов, ки бинобар содир намудани ҷинояти авбошӣ дар ҷустуҷӯи мақомот қарор дошт, бо ихтиёри худ ба Раёсати ВКД дар ВМКБ ҳозир гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Раёсати мазкур иттилоъ доданд.

Зимни корбарии мутақобилан судманди роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии вилоят бо наздикону пайвандони ҷустуҷӯшаванда аз маҳаллаи Сайфулло Абдуллоеви шаҳри Хоруғ шаҳрванд Саидиброҳимов Фируз Фарҳодович, санаи таваллудаш 26.03.1991, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Ш.Шоҳтемур, ки аз 01.10.2021 сол бо парвандаи ҷустуҷӯӣ барои содир намудани ҷинояти авбошӣ аз рӯи моддаи 237-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, бо ихтиёри худ ба Раёсати ВКД дар ВМКБ ҳозир гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати тақвияти ҳамкории дуҷониба миёни мақомоти милитсия бо аҳолӣ силсиламулоқоти озоду ошкорои сардори Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шариф Назарзода бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ баргузор гардида истодааст, ки ҳолати мазкур самараи он аст.

Дар вохӯрии навбатие, ки дар маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев (собиқ Гулакен)-и шаҳри Хоруғ баргузор гардид, дар баробари масъалаҳои вобаста ба тартиботу суботи ҷомеа, ҳамзамон масъалаи мусоидат намудани аҳли ҷамоат, фаъолони маҳал ва наздикону пайвандони ҷинояткорони дар ҷустуҷӯқарордошта ҷиҳати бо ихтиёри худ ҳозир шудани ҷустуҷӯшавандагон ба мақомоти милитсия баррасӣ гардид. Таъкид гардид, ки ин иқдом ҳангоми таъйини ҷазо ҳамчун ҳолати сабуккунанда ба назар гирифта мешавад.

Зимнан, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ Шариф Назарзода доир ба тадбирҳои андешидаи мақомоти корҳои дохилии вилоят ҷиҳати таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи сокинон ва ба ин васила таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бо ихтиёри худ ба мақомоти милитсия ҳозир гардидани нафарони дар ҷустуҷӯ қарордошта ҳарф зада, дар ин раванд муносибатҳои дуҷонибаи ҳамкориро аз фаъолону бошандагони маҳаллаи Сайфулло Абдуллоев тақозо намуд.

Дар айни замон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Фируз Саидиброҳимов оғоз гардидааст.

АКС: РВКД дар ВМКБ

Апрель 19, 2022 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд