Шараф Шерализода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Япония Хонда Таро дар Токио баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои рушди ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмию фарҳангиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ш.Шерализода ҳамтои худро бо ҷараёни омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мегардад, шинос намуд.
Инчунин ҷонибҳо зарурати ҳамкории минтақавӣ дар чаҳорчӯби Муколамаи «Осиёи Марказӣ+Япония» ва таҳкими ҳамкорӣ дар сатҳҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро таъкид карданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 23-24 апрел дар шаҳри Кумамотои Япония Саммити 4-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором баргузор мегардад, ки дар он ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии нақшу ҳадафҳои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” (6-9 июни соли 2022, Душанбе) ва Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид (марти 2023, Ню-Йорк) иштирок хоҳад кард.
АКС: ВКХ ҶТ








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






