Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 22 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар вохӯрии панҷуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия дар шакли видеоӣ иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазирони корҳои хориҷӣ перомуни масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ дар шароити афзоишёбии чолишҳову таҳдиҳо ва вазъи мураккаб дар Афғонистон табодули афкор намуданд.
Гузашта аз ин, вазирон дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаро оид ба ҷонибдории ислоҳот ва тақвияти рушди пойдори минтақа мавриди муҳокима қарор дода, иқдомҳоро роҷеъ ба таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ карданд.
Роҳбарони ҳайатҳо таваҷҷуҳи хосро ба дурнамои густариши муколамаи «соҳавӣ» дар қолаби Осиёи Марказӣ-Русия равона намуда, масоили ҳамкориро дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ, аз ҷумла ИДМ, СҲШ, СААД ва САҲА баррасӣ карданд.
АКС: ВКХ ҶТ









Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид






