Сохтмони урдугоҳҳои муваққатӣ бо шароити зарурӣ барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон идома дорад

Апрель 15, 2022 10:30

ДУШАНБЕ, 15.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони ташкилоти байналмиллалии «ЮНИСЕФ», хазинаи Агентии Оғохон оид ба макони зист, Раёсати СММ дар умури паноҳандагон аз урдугоҳҳо барои паноҳандагони эҳтимолӣ аз Афғонистон, ки дар қаламраи Хадамоти зиддижолаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар деҳаи Саноати ноҳияи Ҷалолуддини Балхии вилояти Хатлон ҷойгир мебошанд, дидан карданд.

Тавре ба АМИТ “Ховар” дар  Кумитаи мазкур хабар доданд, меҳмононро муовини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник С.Исозода ҳамроҳӣ намуд.

Мавриди зикр аст, ки бошишгоҳ бо 64 хаймаи чӯбкоришуда, неруи барқ, хатти оби нӯшокӣ, ошхона ва хаммом таъмин карда шудааст.

Сохтмон дар ин бошишгоҳи муваққатӣ ҳамоно идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  моҳи марти соли равон иттилоъ дода буд, ки  гурезаҳои афғон бо мақсади соҳибкасб шудан дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон  ба таҳсил ва касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.

 

АКСҲО: КҲФ ва МГ

Апрель 15, 2022 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд