Сокинони деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон соҳиби нуқтаи оби тозаи нӯшокӣ шуданд

Апрель 27, 2022 08:23

ХОРУҒ, 27.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи амалӣ намудани “Даҳсолаи байналмилалии амал, об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар деҳоти ноҳияи Шуғнон якчанд лоиҳаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Яке аз чунин лоиҳаҳои муҳим- ин ба кор андохтани шабакаи таъминоти оби нӯшокӣ дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз МИРАСАН.

Дар деҳаи Гожаки ноҳияи Шуғнон 77 хонавода истиқомат дошта, аҳолии он 480 нафарро ташкил медиҳад. Сокинонаш асосан ба сабзавоту зироаткорӣ машғул мебошанд. Дар натиҷаи ҳамкории зичи ташкилоти деҳотӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони рушд имконият даст дод, ки дар панҷ соли охир деҳаи мазкур пурра бо оби полезӣ таъмин гардад. Масъалаи таъминоти сокинони деҳа бо оби нӯшокӣ марҳила ба марҳила ҳалли худро пайдо карда, то ба мавзеи дурдасти Деҳ, ки дар баландии кӯҳдоман мавқеъ дорад, расид.

Дар ифтитоҳи шабакаи обрасонии ин мавзеъ раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода иштирок намуда, сокинони деҳаро барои дастрасӣ ба оби пок табрик карда, афзуд, ки “таъмин намудани кулли сокинони деҳоти дурафтода бо оби ошомиданӣ яке аз ҳадафҳои муҳими давлат ба ҳисоб рафта, Тоҷикистон дар ҳалли ин масъала гомҳои устувор мегузорад”.

Раиси ташкилоти деҳотии Гожак Анвар Шоҳлангаров гуфт, ки “барои бунёди ин шабакаи обрасонӣ ба маблағи 148 ҳазор сомонӣ маводи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, арматур, қубурҳои обгузар ва дигар таҷҳизоти ёрирасон дастрас карда шуд. Корҳои сохтмониро сокинони деҳа ба уҳда гирифтанд ва мутобиқи реҷа, сокинони маҳалла дар ин сохтмон саҳм гузоштанд. Масофа байни саргаҳи об ва деҳа қариб ду километрро дар бар мегирифт ва дар макони касногузар ҷойгир буд. Аз ин рӯ бештари масолеҳи сохтмониро сокинони деҳа пуштора ба ҳавзи обтаъминкунӣ мерасонданд”.

Раиси ташкилоти деҳотӣ гуфт, ки ҳиссаи сокинони деҳа дар амалӣ намудани ин лоиҳа хеле назаррас аст, зеро агар барои дастрас намудани таҷҳизот маблағ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шарикони рушд ҷудо гардида бошад, пас ҳамаи корҳои сохтмониро сокинони деҳа ройгон анҷом доданд.

Маҳз чунин тарзи кор имконият дод, ки деҳаи Гожак ба яке аз маконҳои ободу зебои ноҳияи Шуғнон табдил ёбад, зеро бузургони гузаштаи мо беҳуда “обу ободонӣ” нагуфтаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 27, 2022 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»