ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 апрел, ҷумъа, 105-умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 15, 2022 08:00

15 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуданд.

***

8 сол қабл, 15 апрели соли 2014 дар кӯчаи Дӯстматови шаҳри Ваҳдат бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзол аз он, инчунин корхонаи қубурҳои пластикии калонқутр ба кор дароварда шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии ислоҳоти кишоварзӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

15 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг.

***

Рӯзи донишҳои экологӣ.

РӮЙДОДҲО:

15 апрели соли 2013 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Адилбек Ҷаксибековро ба ҳузур пазируфтанд.

***

11 сол қабл, 15 апрели соли 2011 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро барои муҳокима ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

15 апрели соли 1985 нашриёти «Шарқи Озод» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1996 Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфтааст.

***

15 апрели соли 1926 анҷумани якуми Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон баргузор гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1951 дар Лондон нахустин чорабинии интихоби «Зебосанами ҷаҳон» доир гашт.

Апрель 15, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш