ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 апрел, шанбе, 106-умин рӯзи соли 2022 аст

Апрель 16, 2022 08:00

16 апрели соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Палатаи ҳисоби Федератсияи Русия Сергей Степашинро ба ҳузур пазируфтанд.

***

8 сол пеш, 16 апрели соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи эълон намудани соли 2014 ҳамчун Соли футболи оммавӣ» фармон ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири вақти корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин Раббонӣ ҷанбаҳои гуногуни ҳамкории Тоҷикистон ва Афғонистон муҳокима карда шуданд.

16 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Арманистон- рӯзи кормандони милитсия.

***

Рӯзи ҳуқуқшиносон ва аввалин Конститутсия дар Булғористон.

 РӮЙДОДҲО:

16 апрели соли 2001 дар Тоҷикистон корхонаҳои воҳиди давлатии «Тоҷикангишт» ва «Тоҷикгаз» таъсис дода шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2003 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир гардид.

***

25 сол пеш, 16 апрели соли 1997 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди 6-миллионаи мамлакат таваллуд шуд.

***

16 апрели соли 2007 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи китобҳо бахшида ба таърихи шаҳр кушода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2008 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот»-ро қабул намуд.

***

16 апрели соли 2016 ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардид.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1905 Дар Русия аввалин иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи матбуоти даврӣ таъсис дода шуд.

***

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак — «Чодари хаёл» баргузор гардид.

Апрель 16, 2022 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш