Тоҷикистон ҳамкориро бо Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ муҳим арзёбӣ намуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Мудири иҷроияи Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ Вейсюн Чен баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амният, аз ҷумла аҳамияти татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» — ро муҳим арзёбӣ намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






