Тоҷикистон ҳамкориро бо Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ муҳим арзёбӣ намуд

Апрель 23, 2022 12:04

ДУШАНБЕ, 23.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 22 апрел мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Мудири иҷроияи Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ Вейсюн Чен  баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тавсеаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амният, аз ҷумла аҳамияти татбиқи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021-2025» — ро муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа, алалхусус рӯйдодҳои охир дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ

Апрель 23, 2022 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 93,5 фоиз иҷро шуд
Ҷалби ноболиғон ба кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад!
Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Кибертерроризм — омилҳои таъсиррасон ва хатари он дар ҷаҳони муосир
Дар Душанбе Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар Душанбе Вохӯрии сеюми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Хоруғ даври вилоятии мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
«ШАҲРИ ҲУШМАНД». Дар Душанбе насби чароғакҳои замонавӣ оғоз гардид
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 89,1 фоиз иҷро шуд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ доир ба мубориза бо маводи нашъаовар иштирок намуд
ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Беш аз 60 миллион сомонӣ барои ҳифзи минтақаҳои осебпазир ҷудо гардид