Тоҷикистон аз вусъати ҳамкорӣ бо Ҷопон дар таҷдид ва таъмири роҳҳои мошингард қаноатманд аст
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷопон дар мамлакати мо бо дастгирии давлати Ҷопон 9 лоиҳа оид ба таҷдиду таъмири роҳҳои мошингард татбиқ гардида, дар айни замон 2 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд. Ин нукта зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики дар Душанбе зикр гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ доданд, ки мусоҳибон маҷмӯи масъалаҳои таҳкими ҳамкориро дар соҳаи нақлиёт баррасӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар тӯли 6 соли охир беш аз 68 нафар мутахассисони соҳаи нақлиёт дар Ҷопон аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.
Вазири нақлиёт ҳамчунин барои вусъати ҳамкории минбаъда дар соҳаи нақлиёт ба сафири Ҷопон таклифҳо пешниҳод намуд.
Сафири Ҷопон бо умеди тақвияти ҳамкории дуҷониба иброз дошт, ки минбаъд низ ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт бо Тоҷикистон рушд хоҳад ёфт.
Вазири нақлиёт аз вусъати ҳамкорӣ ҷиҳати сохтмон ва таҷдиди роҳҳои мошингард бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) изҳори қаноатмандӣ намуд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






