Тоҷикистон ва Ҷопон татбиқи лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо ноиби Президенти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) Кеичиро Наказава дар Токио баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон ва аҳамияти лоиҳаҳоеро, ки ин агентӣ дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, таъкид намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳо ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои гуногун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон 2 феврали соли 1992 барқарор шудаанд.
Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон 28 ноябри 2007 ифтитоҳ ёфтааст ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 январи 2002 кушода шуд. Ҳоло Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аикӣ Тошиҳиро мебошанд.
Дар давраи муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар барои таъмиқи минбаъдаи ҳамкории амалӣ заминаи хубе бунёд гардидааст ва аз ҳама муҳим – сатҳи баланди мушорикат, эътимоди тарафайн ва эҳтиром ба даст омадааст.
Аҳамияти зиёдро барои таҳкими ҳамкории дуҷониба фаъолияти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон (JICA), ки аз 2006 дар рушди соҳаҳои иҷтимоии Тоҷикистон саҳм мегузорад, молик аст.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Ассотсиатсияи табибони «Avicenna» вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид






