Тоҷикистон зарурати расонидани кумаки фаврии мақсаднокро ба мардуми Афғонистон таъкид намуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Фарҳод Салим 31 март дар чорабинии сатҳи баланд оид ба вокуниши башардӯстона ба Афғонистон, ки бо ибтикори Дабири кулли СММ ва ҳукуматҳои Қатар, Британияи Кабир ва Олмон дар шакли видеоконференсия баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Фарҳод Салим бо таваҷҷуҳ ба вазъи гуманитарӣ дар он кишвар зарурати расонидани кумаки фаврии мақсаднокро ба мардуми Афғонистон изҳор кард.
Муовини вазир таъкид намуд, ки Тоҷикистон омода аст василаҳои иртиботии худро ба ҳама ҷонибҳои манфиатдор ва кишварҳои донор барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон фароҳам созад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 31 март дар шаҳри Тунсии Ҷумҳурии Мардумии Чин нишасти сеюми вазирони ҳамсоякишварҳои Афғонистон баргузор шуд, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлия Музаффар Ашӯриён ширкат намуд.
«Тоҷикистон борҳо зарурати ироаи кумакҳои башардӯстонаи ҳамаҷониба ба мардуми азияткашидаи Афғонистонро аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид кардааст», — зикр намуд роҳбари ҳайти Тоҷикистон.
Дар ин робита зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имконоти логистикии худ, аз ҷумла шаш пул дар марз бо Афғонистонро барои интиқоли борҳои башардӯстона аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ба Афғонистон фароҳам оварда, илова бар ин, интиқоли неруи барқро ба ин кишвар идома медиҳад.
«Мо омодаем минбаъд низ ба ин раванд ҳамаҷониба мусоидат намоем, то заминаҳои зарурӣ барои истиқрори сулҳу субот, амният ва эҳёи иҷтимоию иқтисодии онро дар сарзамини азияткашидаи Афғонистон фароҳам оварем», — илова намуд М.Ашӯриён.
АКСҲО: ВКХ Тоҷикистон








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






