ВАТАН, ТОРУ ПУДИ ВУҶУДАМ ТУӢ. Дар Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз ёфт

Апрель 1, 2022 08:25

ДУШАНБЕ, 01.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид, ки то охири моҳи май идома меёбад, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат.

Тавре иттилоъ дода шуд, шумораи ҷавонони синни  даъватӣ нисбат ба талаботи Қувваҳои Мусаллаҳ хеле зиёд аст ва ин ба масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват имконият медиҳад, ки аз байни онҳо беҳтаринҳоро интихоб намоянд. Зеро натиҷаҳои чорабиниҳои даъватӣ ба вазъи омодагии Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири бевосита мерасонад. Аз ин сабаб, масъулини даъват кӯшиш мекунанд, ки танҳо ҷавонони солиму бардам ва болаёқат ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват ва гусел карда шаванд.

Шурӯъ аз имрӯз, 1 апрел дар тамоми шаҳру навоҳии  ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид ва фаъолона ҷараён дорад. Ҳоло ҷавонони синнашон ба даъвати ҳарбӣ расида ба комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ҳозир шуда истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2022 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии  шаҳрвандони солҳои таввалуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1 апрели соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, фаъолона ҷараён дорад.

Дар ин замина раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо дарки масъулият дар ҳамбастагӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ барои амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» даъвати муташаккилонаи шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ мондаанд.


Бояд тазаккур дод, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад. Яъне, даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида,  охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки тайи солҳои охир обрӯю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, онҳо мисли солҳои пешин барои ба хизмати ҳарбӣ рафтан ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд.

Омилҳои пеш аз муҳлат анҷом додани нақшаи даъват дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат, агар аз як тараф, ба дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба Артиши миллӣ вобастагӣ дошта бошанд, аз ҷониби дигар, ба зиёд будани шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ва фаъолияти хубу назарраси комиссияҳои даъватӣ низ рабт доранд. Зеро, дар он шаҳру ноҳияҳое, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мардум ҳамкории зич ташкилу ба роҳ мемонанд, дар чунин минтақаҳо дар самти чорабиниҳои даъватӣ ва гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ монеа ва мушкилот ба назар намерасад. Илова бар ин, дар даврони истиқлоли давлатӣ, хушбахтона, дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми шароити хизмативу майишӣ ва ҳам таълимӣ муҳайё гардида, шаҳрвандон имкон доранд дар фазои сулҳу субот ва дар Ватани худ хизмати пуршарафро адо намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 29 январи соли 2021 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар заминаи меъёрҳои қонуни амалкунанда дар тарҳи нав қабул карда шуд, ки он аз 10 боб ва 62 модда иборат мебошад.

Хизмати ҳарбӣ барои ҷавонписарони аз 18 то 27-сола, ки муассисаҳои миёнаи умумӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд, 24 моҳ муқаррар карда шудааст. Тибқи талаботи қонуни мазкур, шаҳрвандоне, ки донишгоҳу донишкадаҳоро бо кафедраҳои ҳарбӣ хатм менамоянд, танҳо баъди 12 моҳи хизмати ҳарбӣ ба онҳо рутбаи аввалини афсарӣ дода мешавад. Зеро онҳо дар кафедраҳои ҳарбӣ ихтисосҳои гуногунро ба таври назариявӣ аз бар карда, ҳамчун мутахассис ба сафи артиш шомил мешаванд ва дарсҳои назариявиро ба таври амалӣ тақвият бахшида, баъди як соли хизмат сазовори рутбаи аввалини афсарӣ, яъне лейтенанти хурд мегарданд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО: Вазорати мудофиаи ҶТ

Апрель 1, 2022 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид