Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Туркия доир ба зарфияти энергетикии ду кишвар вохӯрии маҷозӣ доир намуданд

Апрель 29, 2022 10:18

ДУШАНБЕ, 29.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрели соли 2022 бо мусоидати Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара миёни Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Фатиҳ Донмез вохӯрии маҷозӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анқара хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба иқтидори энергетикии хеш ва имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар самти тавлиди энергияи “сабз” бо истифода аз платформаҳои бисёрҷониба ва дуҷониба, аз ҷумла дар доираи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ мубодилаи афкор намуданд.

Далер Ҷумъа аз фурсати мусоид истифода бурда, Вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ”, ки аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват намуд.

Ҷониби туркӣ ин даъватро бо хушнудӣ пазируфт.

Акс: ВКХ ҶТ

Апрель 29, 2022 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд