Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 14.04.2022 /АМИТ «Ховар»/. 13 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Руслан Казакбоев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Вазирони корҳои хориҷӣ ҳодисаи 12 апрел дар маҳали Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон рухдодаро, ки дар натиҷаи он талафот низ ба амал омад, баррасӣ карданд. С. Муҳриддин амали марзбонони қирғизро маҳкум намуда, тақозо кард, ки аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтиши воқеӣ бурда шуда, гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд
Зимни гуфтугӯ ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон табодули афкор намуда, омодагиҳо ба ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ, ки 13 май дар Душанбе баргузор мешавад ва ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.
Вазирон ба мувофиқа расиданд, ки робитаи доимӣ дошта бошанд.
АКС: ВКХ ҶТ








Сафири Тоҷикистон бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти мусиқии симфонӣ густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Форуми оби Корея мулоқот намуд
Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 ҷамъбаст гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси минтақаи Ҷаҳрои Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Фаронса нусхаи эътимоднома супорид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаҳои синамо ва авиатсия густариш меёбад
Дар Вена муносибатҳои гуногунҷанба ва судманди Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Эрон барои ҳамкории мутақобили судманд бо Тоҷикистон ва вилоятҳои он ибрози омодагӣ намуд
Дар шаҳри Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Бунёди ОПЕК баррасӣ гардид






